Рубрики Хабарҳо

Барқарории хатсайри Душанбе-Боку

Интизор меравад, аз декабри соли ҷорӣ хатсайри Душанбе -Боку барқарор шавад.

Бино ба иттилои “ASIA-Plus”, ҳайатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озорбойҷон бо имзои як созишнома аз барқарорсозии хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Боку ҳафтае ду маротиба хабар доданд.

Ин нишаст ҳафтае қабл дар Боку баргузор гардида, дар он ҷониби Тоҷикистонро масъулини ширкати ”Сомон Эйр” ва ҷониби Озорбойҷонро КВД  “AZAL” ва ширкати ҳавопаймоии “Buta Airways” намояндагӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки ин парвозҳо аз моҳи майи соли 2012 оғоз гардида то соли 2013  идома ёфт, аммо бинобар набудани мусофир қатъ карда шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *