Рубрики Хабарҳо

Халилзод: Амрико намедонад бо Толибон чӣ кор кунад

Залмай Халилзод, намояндаи пешини Амрико барои сулҳ дар Афғонистон гуфт, ки Вашингтон тарафдори як Афғонистон мунзавӣ ва шикастхӯрда нест. 

Халилзод дар гуфтугӯ бо маҷмӯаи бонкдории “Голдман Сокс” гуфт, ки Амрико ҳанӯз бо ин чолиш мувоҷеҳ аст, ки бо Толибон чӣ кор кунад. Ў гуфт: “ҳанӯз саволи бузурге матраҳ аст, ки оё бояд онҳоро дар оғӯш бигирем ё бояд ба онҳо фишор ворид карда ва мунзавиашон кунем то корҳои дуруст дар мавориде монанди ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва фарогирӣ анҷом шавад.” 

Халилзод дар ҳоле пас аз муддатҳо сукут амалкарди Толибонро нишона гирифтааст, ки ҳамчунон интиқодҳои зиёде аз раванди музокироте, ки ӯ ба намояндагӣ аз Амрико бо Толибон анҷом дод матраҳ мешавад. 

Халилзод дар хусуси таҳсили духтарони афғон ва мамониъати Толибон аз идомаи таҳсили онҳо гуфт: “ҳама мақомҳои Толибон мухолифи таҳсили духтарон нестанд балки бархе аз онҳо ба сурати аланӣ аз омӯзиши духтарон дифоъ кардаанд.” 

Ӯ агарчӣ бар ин нукта тасреҳ кард, ки дар мавориде монанде таҳсили духтарон, баҳс‎ҳои ҷиддӣ дар миёни Толибон дар ҷараён аст аммо гуфт, ки баид аст ба зудӣ тағйире дар ин сиёсати Толибон дида шавад. 

Халилзод дар ин гуфтугӯ эълом кард, ки бахшҳое аз тавофуқномаи Амрико бо Толибон ба вижа дар мавриди эҷоди як давлати фарогир дар Афғонистон амалӣ нашудааст. Аз ҳамин рӯ ӯ хитоб ба Толибон гуфт: “биёед кори нотамомро тамом кунем.” Албатта Толибон муддаӣ аст, ки ба тавофуқи Доха пойбанд буда ва бахшҳои марбут ба худро иҷро кардааст. 

Халилзод 2 моҳ пас аз тасаллути Толибон бар Афғонистон дар октябри 2021 аз самти худ истеъфо кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *