Рубрики Хабарҳо

Имрӯз Путин дар Душанбе “таваққуф мекунад”

Владимир Путин имрӯз, 28 июн вориди Душанбе шуда, бо Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад. Дар ин бора сомонаи раисҷумҳури Русия хабар медиҳад. Сухангӯи Путин ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки раисҷумҳури Русия дар роҳи сафар ба нишасти кишварҳои Назди Каспий дар Ашқобод дар Душанбе таваққуф мекунад ва имзои санадҳо дар назар нест. 

Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёрдамчии расиҷумҳури Русия гуфтааст, роҳбарони Тоҷикистону Русия дар навбати аввал ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, низомӣ, фарҳангӣ ва муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд.

«Дар ҷараёни мулоқот диққати асосӣ ба вазъият дар Афғонистон дода мешавад. Қарор аст, чораҳои муштарак оид ба таъмини амнияти сарҳадии Тоҷикистон, ҷилавгирӣ аз вуруди ифротгароҳо аз қаламрави Афғонистон ва тақвияти сохтори низомӣ баррасӣ шаванд», — таъкид кард Юрий Ушаков.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, дар доираи сафари Владимир Путин ба Душанбе, ягон санад ба имзо намерасад. «Сафар сафари корӣ аст ва танҳо як мулоқоти як ба як мешавад».

Ба гуфтаи Шарифзода Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «ҳамкориҳои дуҷониба, рушди муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ, вазъи минтақа ва ҷаҳон ва махсусан Афғонистон» суҳбат мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Путин аз замон оғози таҳоҷуми низомии кишвараш ба хоки Укроин аз Русия хориҷ нашудааст, ин аввалин сафари расмии эъломшудаи раиси Кремл ба хориҷ аз кишвар пас аз судури фармони ҳамла ба ҳамсояи ғарбии Русия хоҳад буд. 

Владимир Путин дар охирин сафари хориҷии эъломшудаи худ ба хориҷ аз кишвар аввали феврали гузашта, бисту се рӯз пеш аз оғози таҳоҷуми низомии кишвараш ба Укроин озими Пекин шуда буд. Ў дар ин сафар ба ҳамроҳи Ши Ҷин Пинг, ҳамтои чинии худ дар маросими ифтитоҳи бозиҳои олимпии замистонии Пекин ширкат кард. Раҳбарони ду кишвар сипас дар поёни гуфтугӯҳои худ аз тавофуқ бар сари як “паймони дӯстӣ бидуни маҳдудият” хабар доданд. 

Рейтерз рӯзи якшанбе дар гузорише ба нақл аз хабарнигори шабакаи телевизионии давлатии “Росия 1” дар Кремл эълом кард, ки Владимир Путин ба зудӣ аз Тоҷикистон ва Туркманистон дидан хоҳад кард ва сипас дар бозгашт ба Маскав ба мулоқоти Ҷоко Видодо, раисҷумҳури Индонезия меравад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *