Як мақоми фаронсавӣ ба хабаргузории Рейтерз гуфт, ин кишвар хоҳони бардошта шудани таҳримҳои нафтии Эрон ва Венесуэла шудааст. Ин дархост бо ҳадафи муқобила бо фишори Русия бар бозори ҷаҳонии нафт матраҳ шудааст.
Ин кишвар ҳамчунин хоҳони як механизми барномарезӣ шудааст, то сақфи қимати нафт тавре таъйин шавад, ки қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба тавлиди Русия вобаста набошад.
Ба гуфтаи мақоми фаронсавӣ Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи душанбе ба раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи-7 (J-7) гуфтааст, ки шароит барои анҷоми музокира бо Русия муҳайё нест ва ӯ мехоҳад пеш аз ҳар музокирае дар як мавқеияти қавӣ қарор бигирад.
Венесуэла монанди кишвари дӯсти он — Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти таҳримҳои шадиди Иёлоти муттаҳидаи Амрико қарор дорад. Бо ин ҳол аз нахустин ҳафтаҳо пас аз оғози таҷовузи нерӯҳои низомии Русия ба Укроин, замзамаи эҳтимоли ҷойгузини бахше аз нафти Русия бо кумаки ин ду кишвар матраҳ шудааст.
Хабаргузории Рейтерз, рӯзи якшанбе, панҷуми июн ба нақл аз манобеъи огоҳ гузориш дод, Амрико қасд дорад ба манзури ҷойгузин кардани бахше аз нафти Русия, барои содироти нафти Венесуэла ба Аврупо муҷаввиз содир кунад.
Иҷлоси даврии сарони кишварҳои Гурӯҳи-7 аз рӯзи якшанбе 26 июн дар Иёлоти Бойран кишвари Олмон оғоз шуд.
Аз ҷумла муҳиммтарин мавзӯъҳо дар ин иҷлос, баҳс дар бораи таъйини сақф барои қимати ҷаҳонии нафт аст. Яке аз аҳдофи ин тарҳ ҷилавгирӣ аз суди бештари Русия аз афзоиши қимати нафт аст, зеро Русия аз даромадҳои нафтии худ барои таъмини молии ҳазинаҳои марбут ба ҷанг дар Укроин истифода мекунад.