Рубрики Хабарҳо

Франк-Вальтер Штайнмайер барои давраи дуюми роҳбарӣ интихоб шуд

Роҳбари Ҷумҳурии  Федеративии Олмон Франк-Вальтер Штайнмайер барои давраи дуюми роҳбарӣ интихоб шуд. Дар ин бора спикери Бундестаг Бербел Бас, ки 13 феврал раиси Маҷлиси федеролӣ буд, хабар дод.

Ассамблеяи Федералии ҶФО як органи махсуси конститутсионӣ мебошад, ки барои интихоби раисҷумҳури кишвар даъват карда мешавад. Он аз аъзоёни Бундестаг ва намояндагон, ки аз ҷониби парлумонҳои минтақавии Олмон таъин шудаанд, иборат аст.

Штайнмайер аз 1435 интихобкунанда 1045 овозро ба тарафдории номзад гирифт. 86 нафар аъзоёни мачлис бетараф монданд. Ба тарафдории номзадхои дигар 294 нафар овоз доданд. Ба ҷуз Штайнмайер, се нафари дигар низ худро пешбарӣ карда буданд.

Франк-Валтер Штайнмайери 66-сола аз 19 марти соли 2017 раисиҷумҳури Олмон аст. Он вақт ӯ сиёсатмадор Йоахим Гаукро иваз карда буд.

Ҳар як шаҳрванди Олмон, ки ба синни 40 расида ва ҳуқуқи интихоб шуданро дорад, метавонад раисҷумҳури кишвар бошад. Раисҷумҳур ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад ва танҳо як маротиба метавонад дубора интихоб шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *