Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР

Телевизиони Ал-Арабия хабар дод, ки ИМА дар пайи ҳамлаи шӯришиёни яманӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҳавопаймоҳои ҷангиро мустақар кард. 

Дар изҳороти Нерӯҳои Ҳавоии ИМА гуфта мешавад, ки интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангӣ боз як далели дастгирии ҳамаҷонибаи Вашингтон аз Имороти Муттаҳидаи Араб аст. Гуфта мешавад, ки фармони фиристодани ҷангиёнро раиси Пентагон Ллойд Остин додааст, ки ин тасмимро бо валиаҳди Абу-Даби Муҳаммад бин Зоид Ал Наҳаён ҳамоҳанг мекард. Моҳи январ шӯришиёни хусийи Яман, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешавад, як силсила ҳамлаҳоро ба ҳадафҳо дар Амороти Муттаҳидаи Араб оғоз карданд, ки ноком шуданд. Дар натиҷа, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Иёлоти Муттаҳида системаҳои дифои ҳавоиро барои боздоштани мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини исёнгарон ҷойгир карданд.

Даргириҳои мусаллаҳона дар Яман аз моҳи марти соли 2014 идома дорад. Эътилофи арабии таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ аз нирӯҳои раисиҷумҳури Яман Абду Раббо Мансур Ҳодӣ дар мубориза бо шӯришиёни хусусӣ, ки бахше аз ин кишварро назорат мекунанд, пуштибонӣ мекунад. Ба гуфтаи Ғарб, Эрон ба шӯришиён кумак мекунад.

***

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский фармон дар бораи боло бурдани маоши хизматчиёни ҳарбиро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳур рӯзи душанбеи 14 феврал хабар дод.

Дар робита ба “Рӯзи ваҳдат” эълон шудани 16 феврал ба Девони вазирон дастур дода шуд, ки имтиёзҳои пулии хидматчиёни ҳарбӣ афзоиш ёбад. Фармон аз 1 март эътибор пайдо мекунад.

***

Аз радиои RMF FM хабар доданд, ки дар  корхонаи тавлиди маводи таркандаи NitroErg дар Лаҳистон таркиши пурқуввате ба амал омад.

Дар натиҷаи таркиш яке аз биноҳои маҳалли коргоҳ хароб шуд.

Мувофики хабари радиостанция, садо дар радиуси  километри зиёде шунида шудааст. Яке аз шоҳидон гуфтааст, ки дар масофаи дурии 20 километр шишаҳои тиреза ба ларза омаданд.

Дар бораи талафот хабар дода нашудааст. Дар ҷои ҳодиса даҳҳо оташнишонҳо кор мекунанд ва чархболҳои ёрии таъҷилӣ ба корхона эъзом шудаанд.

***

Чин тасмими Байденро дар мавриди моликияти Афғонистон маҳкум мекунад

Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Ҳуа Чунин вазъи кунуниро барои фақиртарин кишвари ҷаҳон аз ҷониби сарватмандтарин кишвари ҷаҳон даҳшатнок номид.

Пекин бар ин назар аст, ки ба ҳар сабаб, моликияти афғонҳо бояд аз они онҳо бошад, хусусан дар вазъе, ки мардуми Афғонистон хеле ниёз доранд.

Ван Венбин, сухангӯи дигари вазорати умури хориҷаи Амрико аз Амрико хост, ки таҳримҳо алайҳи дороиҳои масдудшудаи Афғонистонро билофосила лағв кунад, ӯҳдадориҳои байналмилалиро риоя кунад, барои ҷуброни талафоти афғонҳо иқдом кунад ва вазъро ташдид накунад.

***

Пепеи 38-сола як  муддат аз футбол маҳрум карда мешавад

Пас аз бозии «Порту» ва «Спортинг» дар чемпионати Португалия (2:2) байни бозигарон ва кормандони дастаҳо занозании оммавӣ ба амал омад. Пепе роҳбари дастаи ҳарифро кӯфтааст

Тибқи қоидаҳои интизомии лига, як бозигар акнун метавонад аз футбол ба мӯҳлати аз ду моҳ то ду сол маҳрум карда шавад.

Бруно Табата, бозигари «Спортинг» низ ҳамин гуна ҷазоро интизор аст. Вай директори Портуро такон дод.

Бояд гуфт, ки пас аз бозии «Порту» ва «Спортинг», ки дар даври 22-юми чемпионат доир гардид, тақрибан байни ҳамаи бозигарони ҳарду тим низоъ ба амал омад. Дар натиҷа довар маҷбур шуд, ки чаҳор корти сурх нишон диҳад. Аз «Порту» Агустин Маркес ва Пепе, аз «Спортинг» Жоао Палиня ва Табата аз майдон хориҷ карда шуданд.

***

Канада ба Украина ба маблағи 6,1 миллион доллар силоҳи марговар медиҳад.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба изҳороти нахуствазири кишвар Ҷастин Трюдо хабар дод.

«Ман ҷудо кардани силоҳ ва муҳимоти марговарро ба маблағи 7,8 миллион доллар тасдиқ кардам» гуфт сиёсатмадор.

Бо арзи амрикоӣ ин маблағ ба 6,1 миллион доллар баробар аст. Тасмими интиқоли силоҳ пас аз машварат бо ҷониби Украина гирифта шудааст.

Аслиҳаи ирсолшуда таппонча, милтиқи снайперӣ, карабинҳо ва тақрибан 1,5 миллион тирро дар бар мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки вазорати дифои Канада ба далели тарси ташдиди вазъ дар марзи Русия ва Украина як гурӯҳи нерӯҳои вижаро ба Украина фиристод.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *