Интерфакс иттилоъ дод, ки Стивен Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид хабари рабуда шудани панҷ корманди СММ дар Яманро тасдиқ кард.
Дюжаррик гуфт: “Мо аз вазъ огоҳ ҳастем, вале бо сабабҳои муайян чизе гуфтан наметавонем.”
Қаблан расонаҳо бо такя ба мақомоти яманӣ гузориш дода буданд, ки ҷангҷӯёни гумонбар дар иртибот бо Ал-Қоида 5 корманди СММ-ро дар ҷануби Яман рабудаанд.
Онҳоро шаби ҷумъа дар вилояти Абиён дастгир карда, ба як макони номаълум бурданд. Дар миёни рабудашудагон чаҳор яманӣ ва як шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд.
Рассел Гикӣ, сухангӯи ҳамоҳангсози СММ дар умури башардӯстона дар Яман гуфт, «СММ барои раҳоии онҳо бо мансабдорон ҳамкории зич дорад».