Шаш корманди масъули додситонии вилояти Суғд бо фармони додситони кулли Тоҷикистон аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд. Баркнории онҳо ба ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд нисбат дода мешавад.
Сабаби аслии барканории ин 6 корманди додситонӣ беаҳамиятии онҳо ба шикояти маҳбусон оиди шиканҷа гуфта мешавад. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ, барканоршудаҳо додситони назорати маҳбасҳои вилояти Суғд Завқибек Шарифзода, як муовини ӯ, сардори Шуъбаи назорати маҳбасҳои додситонии вилояти Суғд Маъмур Аъзамзода ва се додситони ҳамин шуъба мебошанд.
Қаблан 6 корманди зиндони рақами се, аз ҷума сардори он Файзуллоҷон Сафаров низ боздошт шуда буданд. Бо вуҷуди ин боздоштҳо ва сарусадоҳои зиёд, мақомот ҳанӯз фарзияи расмии ошӯб ва сабаби тиркушоӣ ба сӯи маҳбусони бесилоҳро шарҳ надодаанд. Аз мақомот танҳо вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти матбуотие дар Брюсел эълом кард, ки ошӯб бо ибтикори аъзои ДОИШ сар зада, 21 нафар “безарар гардонида шудаанд”.
Аммо тибқи маълумоти манобеъи гуногун шумори кушташудаҳо беш аз 50 нафар ва захмиҳо наздик ба 200 нафар мебошад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки эълон кардааст рӯзи 10 декабр дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар Берлин тазоҳурот барпо хоҳад кард, талаб кардааст мақомот ном ва шумори кушатшудагону захмбардоштагон дар зиндони Хуҷандро эълон кунанд.