Рубрики Хабарҳо

Имрон Хон: аз тамоми талошҳо барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят мекунем

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дар дидор бо Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, ки ба Исломобод сафар кардааст, гуфт: аз тамоми талошҳо барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят хоҳем кард.

Имрон Хон дар ин дидор тасреҳ кардааст: Покистон тарафдори истифода аз абзорҳои сиёсӣ барои поёни ҷанг дар Афғонистон аст. Аз тамоми талошҳо барои эҷоди сулҳ дар Афғонистон ҳимоят хоҳем кард.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон низ, ки дар ин дидор ҳузур дошта, баён кард: Покистон ба ҳимоят аз гомҳои бардошташуда дар Афғонистон ба манзури таъсиси сулҳ идома хоҳад дод. Эҷоди сулҳи пойдор дар Афғонистон бузургтарин хостаи Покистон аст.

Халилзод, ки пас аз интихоб ба симати намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон барои севумин бор ба Покистон сафар мекунад, пеш аз ин низ бо сафар ба Афғонистон, Русия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатар ва Белгия ба ройзанӣ дар бораи эҷоди сулҳ дар Афғонистон пардохта буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *