Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар умури Миёнмор эълом кард, ки омилони нақзи ҷиддии ҳуқуқи мусулмонони Орокон дар Миёнмор, ки баъди “ҷинояти ҷангӣ” гирифтааст бояд дар девони байналмилалии кайфарӣ муҳокима шаванд.
Ёнги Ли, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар умури Миёнмор дар нишасти хабарӣ дар мақари ин Созмон пас аз ироаи гузориши худ эълом кард, ки омилони нақзи ҷиддии ҳуқуқи мусулмонони Орокон дар Миёнмор, ки баъди “ҷинояти ҷангӣ” гирифтааст бояд дар девони байналмилалии кайфарӣ муҳокима шаванд.
Ӯ изҳор дошт: Ҳеҷ таҳаввуле дар хусуси вазъияти мусулмонон дар Иёлоти Орокон дида намешавад ва нақзи ҳуқуқи башар, ки баъд “ҷинояти ҷангӣ” ном гирифтааст идома дорад. То замони беҳбуд ёфтани шароите, ки боиси фирори паноҳҷуёни мусулмони Орокон ба Бангладеш шуда буд, бозгашти онон ба хонаҳояшон амн нест. Ҷароими суратгирифта алайҳи мусулмонони Орокон дар Миёнмор бояд ба девони байналмилалии кайфарӣ фиристода шавад, ё додгоҳи байналмилалӣ ҷиҳати муҳокимаи омилони ин ҷиноёт ташкил шавад.”
Гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар умури Миёнмор ҳамчунин хостори таҳрими масъулон ва ширкатҳои вобаста ба артиши Миёнмор ба далели нақзи ҷиддии ҳуқуқи мусулмонони Орокон шуд.
Гуфтанист артиши Миёнмор дар 25 августи 2017 ҳамалоти худ ба минтақаи Ороконро оғоз кард. Ҳазорон ғайринизомии ороконӣ дар ин ҳамалот ҷон бохта ва ҳудуди 350 русто тавассути артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба оташ кашида шуд.
Тибқи охирин гузориши Созмони милал, шумори мусулмононе, ки аз 25 августи 2017 ба ин сӯ аз хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоъёни ифротӣ гурехта ва ба урдугоҳҳо ва иқоматгоҳҳои муваққат дар Бангладеш паноҳ бурдаанд ба беш аз 725 ҳазор нафар, ки 60 дарсади онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, расидааст.
Аз соли 1970 то кунун 84 дарсад аз ҷамъияти 2 миллионии мусулмонони Орокон дар пайи хушунатҳои артиши Миёнмор ва буддоиёни ифротӣ ба кишварҳои ҳамсоя гурехтаанд.
Созмони милали муттаҳид ва Созмонҳои байналмилалӣ мудофеъи ҳуқуқи башар, хушунат алайҳи мусулмонони Орокон дар Миёнморро “поксозии қавмӣ” ва “наслкушӣ” тавсиф мекунанд.