Рубрики Хабарҳо

Трамп дастури лағви таҳримҳо алайҳи Туркияро содир кард

Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико дастури лағви таҳримҳо алайҳи Туркияро, ки дар робита бо амалиёти Чашмаи сулҳ вазъ шуда буд содир кард. Вазорати хазонадории Амрико эълон кард таҳримҳо алайҳи Туркия, ки дар таърихи 14 октябр моҳи ҷорӣ эъмол шуда буд, расман лағв шуд. 

Доналд Трамп, раисҷумҳуир Америка тайи суханоне дар Кохи сафед дар хусуси тавофуқ байни Туркия ва Иёлоти муттаҳида дар хусуси амалиёти Чашмаи сулҳи Туркия ва таваққуфи 120 соата ин амалиёт изҳор дошт: Дастури лағви таҳримҳо алайҳи Туркия, ки дар 14 октябр ва дар робита бо амалиёти (Чашмаи сулҳ) эъмол шуда будро содир кардам. 

Трамп ҳамчунин афзуд: Оташбас барқарор шуда, дар шимоли Сурия вазъ ба ҳолати пойдорӣ даромадааст. Дар умқи 20 милӣ (32 километрӣ) минтақаи амн эҷод шудааст. 

Вай дар хусуси охирин вазъият дар марзи Туркия ва Сурия гуфт: давлати Туркия имрӯз субҳ, ба давлати ман хабар дода, ки онҳо мубориза ва амалиёт дар Сурияро мутаваққиф кардаанд. Дар ҳол ҳозир кишварҳои минтақа, барои кумак ба фаъолитҳои полиси дар марзи Туркия ва Сурия бояд масъулияти комилро бипазиранд. Мо мехоҳем кишварҳои дигар низ вориди ин минтақа шаванд. Мо амнияти нафтро таъмин кардаем, бинобарин теъдоди каме аз сарбозони амрикоӣ дар манотиқ дорои нафт боқӣ хоҳанд монд 

Бигузор дигарон дар ин хоки хунин биҷанганд 

Трамп бо таъкид бар ин ки Амрико хеле бештар аз замоне, ки бояд бимонад дар Сурия боқӣ мондааст, тасреҳ кард: Бигузоред дигарон дар ин минтақа ва хоки хунин биҷанганд. Агар Туркия аз тааҳҳуди худ даст кашад, таҳримҳо боз хоҳанд гашт. Интизор дорем, ки Туркия ба ваъдаи худ дар мавриди зиндониёни Доъиш амал кунад. Аз Аврупо мехоҳем ҷангҷуёни доъишии худро бибарад. 

Вай афзуд: Амрико тавонист Доъишро дар Сурия аз байн бубарад. Ҳоло Туркия ва Сурия ва дигар кишварҳо бояд талош кунанд то Доъиш дубора ба ишғоли манотиқ даст назанад. 

Посухи манфии Трамп ба дархости “муқобилаи низомӣ бо Туркия”

Трамп гуфт: Бархе аз муфассирони сиёсӣ хостори бардоштани як гоми низомии ҷадид алайҳи Туркия шуданд. Ман ба он фикр намекунам. Чунин иқдоми низомӣ, ба маънои ба майдон овардани даҳҳо ҳазор нафар дар баробари Туркия ва Урдуғон ва як муттаҳиди қудратманди НАТО, ки робитаи бисёр хубе низ бо мо дорад маҳсуб мешавад. Ман мухолифи он ҳастам. Касоне, ки хостори иқдом алайҳи Туркия ҳастанд қасд доранд Иёлот муттаҳидаро ба ҳалқаи мушкилот дар Ховари Миёна ворид кунанд. 

Вай афзуд: Онҳо фақат ҳарф мезананд, онҳо коре анҷом намедиҳанд. Намедонанд чӣ теъдод сарбози амрикоӣ дар ин даргириҳои қадимӣ дар Ховари Миёна ҷони худро аз даст доданд? Сиёсатҳои мудохилагари Амрико дар қиболи Ховари Миёна дер ба итмом расидааст. Ман масири мутафовитро думбол хоҳам кард ва ин масири пирӯзии Амрикост. 

Трамп хотирнишон кард, ки вай аз вуруди Амрико ба ҷанги пурҳазинаи ҷадид дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ кардааст ва мӯътақид аст тасмими дурусте гирифтааст. 

Обама ба ваъдаҳои худ амал накард 

Раисҷумҳури Амрико изҳор дошт: давлати қаблӣ (давлати Обама) гуфт Асад бояд биравад. Онҳо ба роҳати метавонистанд ба ин натиҷа бирасанд, аммо ин корро накарданд. Дар иваз, онҳо дар мавриди хутути қирмиз бисёр қавӣ сӯҳбат карданд. Сипас кӯдакон тавассути гази химиёвӣ кушта шуданд ва онҳо (давлати Обама) ҳеҷ коре барои таҳаққуқи ваъдаҳои худ анҷом надоданд. Сипас бачаҳо кушта шуданд ва ман бо мушаки 58 ба қавли худ амал кардам. Дар поёни 8 соли ҷустуҷӯ барои тағйири режим, мо ҳанӯз сарбозоне доштем. Мо 8 триллион доллар барои ҷанг дар Ховари миёна ҳазина кардем. Ховари миёна имрӯз ноамнтар ва нопойдортар аз ҳама ин даргириҳо аст. 

Трамп аз Урдуғон ташаккур кард 

Трамп ҳамчунин бо ташаккур аз Раҷаб Таййиб Урдуғон раисрумҳури Туркия гуфт: Мо бо раисҷумҳур Урдуғон робитаи бисёр хубе дорем. Раҳбаре, ки кишвари худро бисёр дӯст дорад. Ў кори дурустро барои кишвараш анҷом дод. Мо ба зудӣ бо вай мулоқот хоҳем кард. 

Вай афзуд: Ман мехоҳам аз генерал Фарҳод Абди Шоҳин, (яке аз раҳбарони гурӯҳи ПКК ИПГ) ба хотири даркаш ташаккур кунам. Ин амр ҷони даҳҳо ҳазор нафар аз курдҳоро дар муддати замони бисёр кӯтоҳе наҷот дод. 

Гуфтанист  вазорати хазонадори Амрико низ бо интишори баёнияе эълом кард: Таҳримҳо алайҳи 2 вазоратхона ва 3 вазири Туркия, ки дар таърихи 14 октябр моҳи ҷорӣ вазъ шуда буд, расман лағв шудаанд. 

Ба ин тартиб асомии вазорати дифоъи миллӣ, вазорати энергӣ ва манобеъи табиӣ, Хулуси Окор вазири дифоъи миллӣ, Фотеҳ Дунмаз вазири энергӣ ва манобеъи табиӣ, Сулаймон Сойлу вазири кишвари Туркия аз феҳристи таҳримҳои Амрико ҳазф шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *