Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико мегӯяд барои афзоиши сақфи қарзҳои ин кишвар ба тавофуқ бо ҷумҳурихоҳон расида ва ин тавофуқ омодаи таъйиди Кунгура аст.
Байден гуфт барои расидан ба ин тавофуқ дар мавридҳое “созиш” кардааст аммо Коин Маккарти раиси Маҷлиси намояндагон ба хабарнигорон гуфт мардуми Амрико арзиши чунин тавофуқеро доштаанд.
Ҳоло ин ду мақоми амрикоӣ бояд назари аъзои Кунгураро барои таъйиди ин тавофуқ ҷалб кунанд.
Ин тавофуқи пешниҳодӣ натиҷаи музокиротии сахт ва гоҳе талх миёни демократҳо ва ҷумҳурихоҳон будааст.
Вазорати дороии Амрико ҳушдор дода буд, ки агар то 5 июн ин тавофуқ сурат нагирад, давлати Амрико аз пардохти вомҳои худ боз хоҳад монд.
Амрико барои таъмини будҷаи давлат маҷбур ба қарз гирифтани пул аст зеро беш аз даромади молиётии худ ҳазина дорад.
Ҷумҳурихоҳон мегуфтанд танҳо дар ивази коҳиши будҷа дар бахшҳое чун омӯзиш ва барномаҳои иҷтимоӣ ҳозир ба афзоиши сақфи қарзҳои давлат ҳастанд.
Ҷо Байден асри якшанбе дар баробари хабарнигорон ҳозир шуд ва гуфт “ин тавофуқи пешниҳодӣ гоми муҳимме ба пеш аст ва хатари фоҷиабори нотавонии пардохти қарзҳои давлатро аз миён мебарад.”
Байден афзуд ин тавофуқ натиҷаи созиш аст, ба ин маънӣ, ки ҳеҷ кас ба ҳама он чи, ки мехост нарасид ва ин масъулияти кишвардорӣ аст.
Раисҷумҳури Амрико гуфт Кевин Маккарти бо ҳусни нияти музокира карда ва ҳоло аз орои кофӣ барои ҳимоят аз ин тавофуқи пешниҳодӣ дар Кунгура бархурдор аст.
Байден ҷузъиёти комиле аз ин тавофуқ ироа накард аммо гуфт созиши зиёде анҷом надодааст.
Хабари расидани эҳтимолӣ ба тавофуқ авохири рӯзи шанбе мунташир шуд аммо ниҳоӣ шудани ин тавофуқ то асри якшанбе ба тӯл анҷомид.
Кевин Маккарти рӯзи шанбе аз “коҳиши таърихии ҳазинаи давлат ва ислоҳоти ношӣ аз он сӯҳбат кард, ки “мардумро аз фақр наҷот медиҳад ва ба нерӯи кор меафзояд.”
Ӯ афзуд ҳеҷ молиёти тоза ва ё барномаи давлатии тозае дар ин тавофуқ матраҳ нест.
Рӯзи якшанбе Чип Рой, намояндаи ҷумҳурихоҳи Техас гуфт ӯ ба ҳамроҳи чанд нафари дигар барои ҷилавгирӣ аз тасвиби ин тавофуқ дар Кунгура талош хоҳанд кард.
Чолиши аслии пеши рӯйи Маккарти ҳоло гузар аз монеъи ҷумҳурихоҳон ва демократҳои тундрав дар Кунгура аст.
Ҷумҳурихоҳон бо 222 курсӣ дар баробари 213 курсии демократ дар Маҷлиси намояндагон бартарӣ доранд. Демократҳо бо 51 курсӣ дар баробари 49 курсии ҷумҳурихоҳон раҳбарии Саноро дар даст доранд.
Маккарти рӯзи якшанбе ба шабакаи хабарии “Фокс гуфт 95% аз ҷумҳурихоҳон бобати ин тавофуқ хушҳоланд.
Агар сақфи қарзҳии давлат то замони муқаррар афзоиш дода нашуд, давлати Амрико аз пардохти вомҳо ва тааҳҳудоти молии худ боз хоҳад монд. Ин иттифоқ дар Амрико ба маънии он аст, ки пули давлат ба суръат тамом мешавад ва барои идомаи барномаҳои худ бо бунбаст рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин иттифоқ дар тӯлонимуддат ба буҳрони иқтисодӣ ва рукуд дар Амрико мунҷар хоҳад шуд, ки ба навбаи худи бекориро низ дар кишвар афзоиш хоҳад дод.
Рукуди иқтисодӣ дар Амрико барои кишварҳои зиёде дар ҷаҳон таъсири мухарриб хоҳад дошт ва кишварҳое, ки Амрико шарики тиҷории бузургашон аст дигар қодир ба фурӯши колоҳои худ нахоҳанд буд.