Рубрики Хабарҳо

Даргирии мӯътаризони мусалмон дар Чин бо пулис бар сари тахриби қисме аз масҷид

Дар пай эъломи барномаи тахриби бахше аз бинои як масҷиди мутааллиқ ба қарни чаҳордаҳум дар яке аз шаҳрҳои умдатан мусулмоннишини ҷанубу ғарбии Чин, садҳо пулис бо мӯътаризон даргир шуданд. 

Нооромиҳо аз рӯзи шанбе оғоз шуда ва зоҳиран дар вокуниш ба талошҳои мақомот барои барчидани бахшҳое аз масҷид будааст. 

Видеоҳои мунташиршуда дар расонаҳои иҷтимоии ғарбӣ нишон медиҳад, ки дар беруни ин масҷид, пулис бо сипарҳои зиддишӯриш ва таҷҳизоти муҳофиз дар ҳоли даргирӣ бо садҳо мӯътариз аст. Бархе аз мӯътаризон сандалӣ, санг ва баклашкаҳои об ба самти пулис партоб мекарданд. 

Видеоҳое, ки ин эътирозотро пӯшиш медиҳанд ба таври густурда аз шабакаҳои иҷтимоии Чин ҳазф шудаанд. 

Таҳаммули бетаҳаммул 

Гузориш шудааст, ки чандин нафар дастгир шудаанд. Дар айни ҳол рӯзи якшанбе пулис аз афроде, ки дар эътирозоти шанбе ҳузур доштанд хостааст то худро ҳадди аксар то таърихи шашуми июн ба мақомот таслим кунанд то ҷазояшон сабуктар шавад. 

Дар баёнияи пулис омадааст, ки ҳеҷ гуна таҳаммуле нисбат ба “фаъолиятҳои муҷримонае, ки мудирияти иҷтимоиро халалдор мекунад” нахоҳад дошт ва таҳаммулаш нисбат ба ин мавзӯъ “сифр” аст. 

Тахриби намодҳои исломӣ аз бинои масоҷид 

Дар соли 2020, додгоҳе ҳукм кард, ки сохтаҳои нави ин масҷид, аз ҷумла гунбад ва манораҳо, ғайриқонунӣ буда ва бояд тахриб шаванд. 

Бар асоси видеоҳо, афроди мӯътариз аз мардумони Хуей (Хузоу) ҳастанд, ки аҷдодашон аз гурӯҳи қавмии “Хан”-и Чин буданд ва исломро ба унвони дини худ баргузиданд. 

Мардумони Хуей севумин ақаллияти қавми бузурги Чин ҳастанд. Бар хилофи дигар гурӯҳи мусулмони Чин яъне уйғурҳо, мардуми Хуей ба забони мондорин сӯҳбат мекунанд ва ба назар мерасад, ки бештар бо аксарияти қавмии “Хан” дар ҳам омехта ҳастанд. 

Дар маконҳои мухталифи дигар низ давлати Си Ҷипин масоҷидро тахриб карда ё гунбадҳо, манораҳо ва дигар вижагиҳои фарқкунандаи мусулмононро аз он ҳазф кардааст то онҳоро ба сохтмонҳо ба сабк ва намуди чинӣ табдил кунад. 

Ба гуфтаи муҳаққиқони хориҷӣ, дар шимолу ғарби Чин, ҳудуди як миллион нафар аз ҷомеаи ақаллияти мусулмони уйғур дар боздоштгоҳҳо маҳбус ҳастанд. Ҳарчанд давлати Чин иддао мекунад, ки ин афрод ба ҷиҳати омӯзишҳои шуғлӣ ва мубориза бо ифротигароӣ дар ин маконҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *