Рубрики Хабарҳо

Сатҳи шароити зиндагии арзанда дар Тоҷикистон

БАРНОМАИ ОНЛАЙНИИ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, модаи 1, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Давлати иҷтимоӣ давлатест, ки сиёсаташ ба таъмини сатҳи шоистаи зиндагӣ ва рушди озодонаи инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои вай нигаронида шудааст.
Маънии фаъолияти давлати иҷтимоӣ аз он иборат аст, ки давлат ба нишондодҳои қонун асос карда, ба худ уҳдадории барои ҳар инсон таъмин кардани шароитҳои зиндагии шоистаи моддиро мегирад ва ҳар одам ба чунин сатҳи зиндагӣ умед баста метавонад, ки дар он на танҳо зиндагии оддӣ ба сар барад, балки худро ҳамчун шахсият зоҳир карда, аз давлати худ ифтихор намояд.

Дар барномаи имрӯзаи ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН баҳс дар бораи ин хоҳад буд, ки то куҷо талаботи ИҶТИМОЪӢ будани давлат дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *