Рубрики Хабарҳо

Ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев бетағйир гузошта шуд

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев, бетағйир гузошт. Варзишгари маъруфи муҳорибаҳои омехта ду моҳ пеш аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо иттиҳоми «даъват ба сарнагунии ҳокимият» ба 8,5 сол зиндон маҳкум шуд буд. Далели Додгоҳи Душанбе барои бе тағйир мондани ҳукм маълум нест.

Хулосаи Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 29-уми июн эълон шудааст. Вакилони Чоршанбиев гуфтанд «додгоҳ ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт ва шикоятро барои бозбинии он рад кард.»

Вакило гуфтаанд, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки ба зинаи сеюми додгоҳ шикоят баранд ё не. «Ҳафтаи оянда бо Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вомехӯрем ва бояд мавқеашро муайян кунем. Баъдан тасмим мегирем, ки ба зинаи сеюм шикоят мебарем ё не,» — гуфтанд онҳо.

Мақомот дар бораи ҷузъиёти парванда ва ҳукми Чоршанбе Чоршанбиев суҳбат намекунанд. Пештар дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфтанд, ҳукми варзишгар ба иҷро надаромадааст ва аз ин рӯ аз шарҳи он худдорӣ меварзанд. Ҳукм пас аз хулосаи додгоҳи кассатсионӣ ба иҷро медарояд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *