Рубрики Хабарҳо

Гузориши Кумитаи Хелсинки ба СММ: ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқе фурӯ рафтааст

Кумитаи Норвежии Хелсинки(КНХ) гузориши алтернативие ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони миллали муттаҳид, ки бояд масъалаи Тоҷикистонро дар ҷаласаи 126-умаш баррасӣ кунад, пешниҳод кардааст. Дар гузориш гуфта мешавад Тоҷикистон дар масаъали ҳуқуқи инсон дар қаър, радифи режимҳои мустабид ва қафомонда қарор дорад.

“Нақду баррасии Тоҷикистон дар ин сол бисёр муҳим аст. Аз замони охирин баррасии кишвар дар Кумитаи ҳуқуқи башар дар соли 2013, мухолифини сиёсии ҳукумат шадидан таъқиб шуданд, ки КНХ онро як кампини тарҳрезишуда барои зери назорати куллии раисҷумҳур ва атрофиёни он гирифтани тамоми ҳаёти сиёсӣ кишвар мешуморад” — омадааст дар гузориш.

Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии КНХ дар Осиёи Марказӣ мегӯяд “дар гузориши мо ҳолатҳои нигаронкунандаи ҳабсҳои тӯлонӣ бидуни мурофиъаҳои одилонаи додгоҳӣ, истифодаи густардаи шиканҷа ва рабудани мухолифин дар хориҷ муфассал шарҳ дода шудаанд. Ҳоло далелҳо ба баҳс ниёз надоранд. ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқе фурӯ рафтааст”.

Дар гузориш шарҳи мухтасари ҳизбҳо ва гурӯҳҳои гуногуни мухолиф дар Тоҷикистон ва раванди “ифротӣ” эълон шудану манъи фаъолияташон зикр шудааст. Ҳамчунин аз кишвар берун кардани фаъолони мухолиф ҳангоми таъқибҳои саросарӣ, боздошҳои дастаҷамъӣ ва ҳукми 20 сол то ҳабси абад дар додгоҳҳои дарбаста шарҳ дода шудааст. “Дар натиҷаи амалкардҳои хеле нигаронкунандаи мақомот яке аз вакилони дифоъ, ки ҷуръати ҳимояи мухолифинро дошт, ба 28 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд” — омадааст дар гузориш.

“Ҳақиқати талх ин аст, ки раисҷумҳур Раҳмон ин таъқибҳоро оғоз кард то назорати ҳаёти сиёсӣ дар кишварро бо сатҳи кишварҳои мустабидтар чун Ӯзбекистону Туркманистон расонад” — мегяд мушовири калони Кумита дар Женева Ивар Дейл ва илова мекунад:

“Дар ҳамин ҳол Ӯзбекистони ҳамсоя гомҳои ҷиддие ба самти муқобил бардошт ва Тоҷикистонро дар қаър бо мустабидтарину қафомондатарин режимҳо дар ҷаҳон раҳо кард”.

Дар гузориш зикр мешавад, ки КНХ солҳои охир диққати мазсусе ба Тоҷикистон медод, аз ҷумла бо барпосозии брифинг барои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва барои ҳайатҳои сершумори хориҷиҳо дар остонаи нақду баррасии фарогири Тоҷикистон дар СММ.

Баррасии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ 2-3 ибли соли ҷорӣ дар Қасри Вилсони Женева доир мешавад. Қабл аз он КНХ дар брифинг барои аъзои Кумита ширкат хоҳад кард, ки дар онҷо ба фаъолони тоҷик низ имконият дода мешавад Кумитаро аз ҳаводиси бохабар созанд. Тоҷикистонро ҳайати ҳукуматӣ намояндагӣ карда ба суолҳои Кумита посух хоҳад гуфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *