Рубрики Хабарҳо

Таҷаммӯъи мухолифони тоҷик дар Литва

Имрӯз 4 июн дар шаҳри Вилнюси Ҷумҳурии аврупоии Литва, як гурӯҳ тоҷикони муқими ин кишвар бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаи қатлу куштор дар зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ки аз паи он 32 нафар ба ҳалокат расиданд, таҷаммӯъ карданд.

Дар таҷаммӯъи тоҷикони муқими Литва фаоли сиёсӣ, Бобоҷони Қаюмзод суханронӣ намуда гуфт, ин пикетро ба хотири зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ташкил кардаанд.

“Чихеле, ки медонем, дар зиндони шаҳри Ваҳдат боз як қатли ом суръат гирифт. Аммо то имрӯз ҳеҷ кас намедонад, ки дар зиндон чи гузашт. Мақомот то ба ҳол намехоҳад ин қазияро шарҳ диҳад. Мо мехоҳем бипурсем, ки чаро бо онҳое, ки қасди гаравгонгирӣ карданд, кӯшиш ба музокира нашуд”. — мепурсад Бобоҷони Қаюмзод.

Ӯ афзуд: “Чаро ҳукумат намехоҳад бо касе музокира кунад, чаро аз дасти ҳукумат фақат қатлу куштор меояд. Чаро мақомоти низомии кишвар чанд нафареро, ки танҳо силоҳи сард доранд, зинда дастгир намоянд ва асли қазияро ба мардум шарҳ бидиҳанд. Оё ин ҳукумат ба ҷуз қатлу куштор ба кори дигаре балад нест?”

Бобоҷони Қаюмзод дар идомаи суханаш гуфт, миллат ҳар эътирозе дар берун кард, зиндон шуд, дар зиндон бошад ба хотири шикоят аз шиканҷа кушта мешавад. Чаро ҳукумат аз мардум мегурезад, бо мардум сӯҳбат намекунад. Чаро мардумро ҳамчун як қувваи аслии ба ҳокимиятрасонандаи худ эътироф намекунанд. Ҳукумат бо ин қулдурӣ то ба куҷо хоҳад рафт. Ҳамаи ин ҷои савол дорад. Мо мехоҳем дар ин бора бидонем.

“Бинобар мо имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадем. Мо амалӣ намудани тасмими пикети саросарӣ дар кишварҳои аврупоиро аз инҷо оғоз кардем. Ингуна тазоҳурот рӯзҳои баъдӣ дар кишварҳои аврупоӣ идома хоҳад ёфт”- таъкид кард Қаюмов.

Абдушукур Маннонов, фарзанди марҳум Қурбон Маннонов аввалин зиндонии сиёсӣ, ки ҳануз ду сол пеш дар маҳбас ба шаҳодат расид, бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон, бо таъкид гуфт, Зиндониёни сиёсиеро, ки то ба ҳол ба куштанашон фурсат наёфтед, озодашон кунед. Фаоли сиёсӣ,  Сулаймон Давлатов суханони Манноновро тақвият бахшида гуфт, ки миллат бояд аз чанголи ин ҳукумати худкома наҷот ёбад.

Дар охири ин таҷаммӯъ эълон шуд, ки таҷаммуъкунандагон як муроҷиатномаеро ҷиҳати бозбинӣ ва омӯзиши муесифонаи  қазияи қатлу куштори зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ва буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар омода ва ба имзо расонидаанд, ки дар кутоҳтарин муддат ба созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон муқими Литва таслим хоҳанд кард. Аз ҷумла нусхаи ин муроҷиатнома ба ҳукумати Литва низ таслим хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *