11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Қазоқистону Қирғизистон аз амалкарди мақомоти Узбекистон дар Нукус ҳимоят карданд

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон амалкарди ҳамтои узбекистониаш Шавкат Мирзиёев дар қиболи таозоҳургарон ҷонибдорӣ кард. Тибқи иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, Тоқаев пуштибонии комили худро аз тасмими ҳукумати ҳамсоякишвар “ҷиҳати ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, таъмини субот ва рушди устувор дар ин минтақа” дар гуфтугӯи телефонӣ бо Мирзиёев эълон кардааст.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар бораи вазъи Қароқалпоқистон бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон сӯҳбати телефонӣ доштааст, у низ аз амалкарди Мирзиёев ҳимоят кардааст. 

Раисҷумҳури Қирғизистон аз “иқдомоти қатъӣ, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба манзури саркӯби талошҳо барои бесубот кардани вазъ дар Қарақалпоқистон анҷом додааст”, комилан ҷонибдорӣ намуд. 

Қаблан зимни нишасти матбуотӣ намояндагони Гвардияи миллӣ ва Додситонии кулли Узбекситон эълом шуд, ки дар нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон — Нуқус 18 нафар фавтида, 243нафар, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шудаанд. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рафтаанд. 94 нафар, ки бархе ҷароҳатҳои вазнин доранд  дар бемористонҳо боқӣ мондаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *