Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабари зарбаҳои ҳавоии ин кишвар ба хоки Афғонистонро рад кард. Дар ин бора “Азия Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар Вазорати дифоъ хабар медиҳад.
“Мо ҳақи зарбаи ҳавоӣ задан ба қаламрави бегонаро надорем. Агар ҳатто чунин зарурате пеш омад, аввал дафтари (штаб) СПАД даъват мешавад, ки дар он масъалаи задани зарба баррасӣ мегардад. Ва баъди машваратҳои дурударози мақомоти ҳарбӣ, мумкин аст чунин тасмиме гирифта шавад” — гуфтааст манбаъ.
Аммо мақомоти пулиси вилояти Тахори Афғонистон гуфтаанд, дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии чархболҳои Тоҷикистон 8 ҷангии Толибон кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, як ҷангали байни Тоҷикистону Афғонистон бо номи “Кӯҳнахона” аз тарафи нерӯҳои ҳавоии Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Қаблан расонаҳо аз ҳамлаи ҳавопаймоҳо хабар нашр карда буданд.
Пулиси Афғонистон даъво дорад 8 ҷангии Толибон кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шудааст, аммо ҳукумати Афғонистон аз куштагон изҳори бехабарӣ мекунад.
“Як ҷангали муштарак байни Тоҷикистону Афғонистон бо номи “Кӯҳнахона”, наздик ба қарияи Тоҳирӣ, ки марбути улусволии Дарқади Афғонистон аст, бамборон шуд. Ин ҷо ба макони мухолифини мусаллаҳ ва қочоқбарони маводи мухаддир табдил ёфтааст. Ҳамла соати 7-и субҳ сурат гирифт. Ҳанӯз дар бораи талафот маълумоти дақиқ нагирифитам”, — гуфт Аҳмадҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Тахор ба Радиои Озодӣ.
Толибон ҳам ҳамлаи ҳавоии чархболҳои Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид, тасдиқ кард, аммо задухӯрд дар марзро миёни қочоқбарон ва марзбонон гуфт. “Мо ин ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додем. Ҷангиёни Толибон иҷоза надоранд, ки бо кишварҳои ҳамсоя вориди задухӯрд шаванд” — гуфтааст Муҷоҳид.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифоъи Русия ҳам гуфт, чархбол ё тайёраҳои ин кишвар ҳеҷ ҳамлае ба хоки Афғонистон анҷом надодаанд.