Рубрики Хабарҳо

Тулӯъ: Тайёраҳои ҷангии Тоҷикистон ё Русия ба қаламрави Афғонистон бомбандозӣ кардаанд

Хабаргузории “Тулӯъ нюз”-и Афғонистон хабар медиҳад, ки бомдоди имрӯз ҷангандаҳои тоҷикиӣ ё русӣ ба вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон бомб партофтаанд.

“Сухангӯи волии Тахор аз бомбаборони бахше аз вулусволии Дарқади ин вилоят бомдоди душанбе аз сӯи ҷангандаҳои русӣ ва ё ҳам тоҷикистонӣ хабар медиҳад. Ў афзуд, ки ҳаволи соати 4 рӯзи гузашта, як даргирӣ миёни қочоқбарон ва нерӯҳои марзии Тоҷикистон дар марзи миёни ду кишвар рух дод, ки дар натиҷа ду марзбони тоҷик кушта шуданд” — омадааст дар хабари “Тулӯъ нюз”.

Дирӯз соати 16 бо вақти Душанбе як мошини Ниваи ҳомили се шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа ду нафар — Саидов Амирхон Амировичи 53 сола ва Сангаков Давлат Раҷабовичи 60 сола кушта шуда, Раҳмонов Сафархон Бӯрихонович маҷруҳ шудааст.

Ташхиси ҷасадҳо дар бемористони марказии ноҳияи Фархор нишон додааст, ки ин афрод бо мусалсали Калашников кушта шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *