Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мекунанд

Дар арафаи иди Қурбон дар Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил мегарданд. 

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати пешгирии забҳи чорво дар ҷойҳои муқаррарнашуда чораҳои амалӣ андешанд.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст забҳи чорворо дар ҷойҳои барои ин амал муваққатан ташкилгардида гузаронанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *