Қорӣ Абдухолиқи қумсангирӣ, ки чун устоди қориҳои Тоҷикистон шинохта мешуд, субҳи имрӯз дунёро падрӯд гуфт.
Шумори шогирдони Қорӣ Абдухолиқ ба гуфтаи онҳое, ки ӯро мешиносанд ба ҳазорҳо нафар мерасад. Ӯ дар Тоҷикистон бештар замони шӯравӣ ба тарбияи шогирдон машғул буд ва баъди оғози ҷанг ҳиҷрат кард. Дар Қазоқистон ҳам ба тарбияи қориҳои ҷавон машғул шуд ва садҳо қорӣ баровард.
Дар худи деҳае, ки Қорӣ Абдухолиқ мезист беш аз сад нафар назди ӯ Қуръони каримро пурра ҳифз кардаанд. Фарзандонаш ҳам қориёни Қуръон ва уламои дин ҳастанд, ки мардум эшонро чун нафарони хушахлоқ ва хидматгори дин мешиносад. Худи Қорӣ Абдухолиқ бо беҳтарин сифатҳои инсонӣ ёд мекунанд. Яке аз асбоби бузургии ҷойгоҳашро ҳам аз ахлоқи ҳамидаи инсониаш медонанд.
Қорӣ Абдухолиқ аз дӯстони наздики домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ буд, ки вуҷуди ин ду нафар ва чанде аз уламои бузурги дигар як ноҳияи кӯчакро ба мактаби бузурги илмҳои динӣ табдил дода буд.
Замони Шӯравӣ Қумсангир яке аз марокизи тарбияи динӣ дар Тоҷикистон буд, ки ҳазорҳо нафар аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ меомаданд, то дар назди Домулло Муҳаммадӣ, Қорӣ Абдухолиқ, Эшони Давлатхӯҷа ва Махсуми Садоду дигарон дарс бигиранд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ин фурсат аз дасти онҳо рафт ва ҳамагӣ пароканда шуданд.
Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар иҷоза надод он мактаби бузурги шаклгирифта дар ин ноҳияи кӯчак аз нав барқарор шавад.