Темур Бойзода, додраси додгоҳи вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар радио ва телевизиони Тоҷикистон “шабу рӯз дар бораи хатари ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ гуфта мешавад”.
Ин эътирофи додрас дар сӯҳбати ӯ бо хабаргузори радиои “Озодӣ” садо додааст. Бойзода ҳини посухаш оиди ба 9,5 соли зиндон маҳкум шудани Алиҷон Шарипов барои тамошои навор гуфтааст “шабу рӯз дар телевизиону радиои кишвар дар бораи хатари ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ гуфта мешавад”, Шарипов надониста наметавонист, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва экстремистиву террористӣ эълон шудааст.
Темур Бойзода баъди баррасии парвандаи Алиҷон Шарипови 32-сола ӯро ба иттиҳоми “даъват ба экстремизм, даъват барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва фаъолият дар ҳизбҳои сиёсие, ки бо қарори додгоҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ дониста мешаванд”, ба 9,5 соли зиндон маҳкум кардааст.
“Гуноҳ”-и Шарипов ин будааст, ки ӯ ҷаласаи раёсати олии ҲНИТ ва навори сӯҳбатҳои видеоии Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистонро тамошо карда, ба дигарон ирсол кардааст.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар ҳоле Шариповро ба гунаҳкор медонад, ки “ҷиноят”-и ба ӯ нисбат додашударо дар Русия анҷом додааст. Дар парвандаи Алиҷон Шарипов гуфта мешавад, ки ин ҷавон соли 2017 ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан пайваста наворҳои сӯҳбати Муҳиддин Кабириро сабт ва тамошо карда, зерашон тугмаи “класс”-ро зер мекард ва ё онҳоро бо дигарон мефиристод. Дар ҳоле, ки ҲНИТ дар Русия экстремистиву террористӣ эълон нашуда ва таблиғи он ҳам ҷиноят ҳисоб намешавад.