Расонаи хабарии Gazeta.uz менависаад, ки президенти Узбекистон Мирзиёев дар як нишасти онлайнӣ, ки рӯзи 27-уми январ баргузор гардид, гуфт: «Касоне, ки зиёда аз 40 дақиқа маҷлис баргузор мекунанд, аз вазифа сабукдӯш карда мешаванд»
“Маҷлисҳои нолозимро бояд қатъ кард. Он ба бозори аспфурӯшӣ табдил ёфта истодааст. Баъзе роҳбарон ба бемории маҷлисгузаронӣ гирифторанд. Онҳое, ки маҷлисҳои нолозим барпо мекунанд, даар хонаашон маҷлис гузаронанд, кор кор аст. Минбаъд касоне, ки зиёда аз 40 дақиқа ҷаласаҳо баргузор мекунанд, аз кор сабукдӯш карда мешаванд. Ғайр аз маъмурият ва вохӯриҳои президент », гуфт сарвари давлат.
«Агар 50 фоизи вақти барои мулоқот сарфшуда барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ сарф шавад, ин натиҷаи хуб хоҳад овард», — афзуд ӯ.