11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Монополияи тоҷикӣ: иҷозаи парвоз ба ивази хариди хӯроки борт

Tajik Catering Service — ширкати монополии таъминкунандаи хӯрок дар  ҳавопаймо аз ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ талаб дорад, ки хӯрокро барои мусофирони худ аз онҳо харидорӣ кунанд.

Тибқи маълумоте, ки дастраси Паём шуд, Департаменти авиатсияи Вазорати нақлиёт чанд вохӯрие бо намояндагони ширкатҳои хориҷии ҳавопаймоӣ анҷом додааст.

Раҳбари департаменти авиатсия, собиқ корманди Вазорати маориф ва илм Икром Субҳонзода, ки чанд вохӯрӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ анҷом додааст, аз онҳо хостааст зери шартномае, ки ширкатҳоро муваззаф ба хариди хӯроки барои мусофирони ҳавопаймо аз  Tajik Catering Service мекунад, имзо гузоранд.

Tajik Catering Service  ягона ширкати таъминкунандаи хӯрок барои бортҳо дар ҷумҳурӣ аст. Ин ширкат аз соли 2008 фаъолият мекунад. Он замон ҳукумат тасмим гирифт ширкати миллии ҳавопаймоиро ба чанд ширкати алоҳида тақсим кунад. Ҳамин тавр ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр, Ширкати расонандаи сӯхт ва Tajik Catering Service пайдо шуданд.

Ширкати расонандаи сӯхт (Топливно заправочная компания) ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ гирифт. Асноди Кумитаи андоз нишон медиҳанд, ки  Tajik Catering Service зери контроли Бонки байналмиллалии Тоҷикистон қарор дорад.

Бонки байналмиллалии Тоҷикистон дар навбати худ мутаъаллиқ ба Ҷамшед Гулов, бародари Ашраф Гулов — домоди раисҷумҳури Тоҷикистон мебошад.

Айни ҳол ширкатҳои маҳаллии ҳавопаймоӣ дар бӯҳрон қарор доранд ва маблағи хӯрок дар бортҳоро сари вақт пардохт карда наметавонанд. Бинобар ин барои бештар кардани даромади худ, ӯ ширкатҳои хориҷиро маҷбур ба харидани маҳсулоти худ месозад.

Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҳанӯз ба дархости мақомоти авиатсиони Тоҷикистон посух нагуфтаанд. Вале Департаменти авиатсионӣ аллакай ба ширкатҳои хориҷӣ таҳдид кардааст, ки дар сурати инкор кардани талаботи онҳо мабнӣ бар хариди хӯрок барои бортҳояшон, дарёфти иҷозаи парвоз барои мавсими тобистон барояшон мушкил хоҳад шуд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *