Як ҳайъати Толибон барои баррасии масоили башарӣ вориди Швейтсария шудааст. Дар ин бора директори иҷроияи созмони ғайриҳукуматии Geneva Call, Ален Делетро, ки ҳайатро ба кишвар даъват кардааст, дар мусоҳиба бо RЦ хабар дод.
Вай қайд кард, ки Женева чанд сол боз бо Толибон дар бораи масъалаҳои сирф башардӯстона тамос дорад ва ҳадаф аз ин гуна тамосҳо таҳкими эҳтиром ба қонунҳои башарӣ дар Афғонистон аст.
Делетро гуфт, «ҳайати вакилон ба Женева аз ҷониби мақомоти Кобул фиристода шудааст ва мо умедворем, ки ҳангоми бозгашт онҳо тамоми чораҳои имконпазирро барои риояи қонунҳои башарӣ дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.»
****
Sputnik Қазоқистон бо такя ба дафтари матбуоти вилояти Манғистау хабар додааст, ки дар Ақтау як гурӯҳ занҳои серфарзанд дар маркази шаҳр роҳро баста, аз он ки ба онҳо иҷозаи хусусигардонии манзилҳои иҷораашон дода нашудааст, изҳори норозигӣ доранд.
Шаҳрдорӣ тафсилоти гирдиҳамоии дирӯзро ироа кард:
— 30 зане, ки дар Актау хона иҷора гирифта буданд, шомгоҳон ба бинои ҳукумати вилоят омаданд.
— Хусусигардонии манзилҳои иҷоравиро талаб карданд, ки мувофиқи қонун нест ва комиссияи махсус хостори ташкили ҷаласа шуд.
— Аз ҷавоб қаноат накарда, дар назди ҳукумати вилоят роҳро бастаанд.
***
Дирӯз як «Қатораи меҳру муруват»-и туркӣ бо 750 тонна кумаки башардӯстона вориди шаҳри Торгундии вилояти Ҳирот шуд.
Керем Киник, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Туркия қаблан гуфта буд, ки бор ба Кобул интиқол дода мешавад. Он барои тақсим ба 30 хазор оилаи 34 вилояти мамлакат пешбинӣ шудааст.
Қатораро дар Минора сафири Туркия Ҷиҳод Эргинай, намояндагони сохторҳои турк, волии Ҳирот Нур Аҳмад Исломҷор ва шаҳрдори Ҳирот Ҳайъатулло Муҳоҷир истиқбол гирифтанд.
Қатора рӯзи 27 январ аз Анкара баромада, тавассути Туркия, Эрон, Туркманистон ва Афғонистон 4168 километрро тай кардааст.
Ба гуфтаи Эргинай, охири моҳи феврал дуввумин “Қатораи меҳру муруват” ба Афғонистон роҳ мегирад.
Сафири Туркия ваъда дод, ки ҳаракати ҳавоӣ миёни Туркия ва Ҳирот ба зудӣ аз сар гирифта хоҳад шуд. Вай ҳамчунин бо волии вилоят дар мавриди ташвиқи фурӯши заъфарони Афғонистон гуфтугӯ кардааст.
***
Намояндагии Чин дар Иттиҳодияи Аврупо ба густариши НАТО мухолифат карда ва талошҳои ин паймон барои таъмини амнияти ҷаҳониро бефоида хондааст.
Намояндагӣ гуфт, тавсеаи НАТО ба таъмини амният ва субот дар ҷаҳон мусоидат намекунад. Гуфта мешавад, ки ин гуна кӯшишҳои иттифоқ танҳо боиси таъсиси блокҳои сиёсӣ ва ба вуҷуд омадани зиддиятҳо дар соҳаи низомӣ мешавад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ бояд барои таҳкими эътимоди байнидавлатӣ ва воқеан ҳифзи сулҳу субот дар минтақа бештар кор кунад.
Русия низ мухолифи тавсеаи НАТО аст. Аз ҷумла, Маскав намехоҳад, ки Украина ба ин паймон шомил шавад.
***
Ширкати мошинсозии олмонии дар ҷаҳон машҳур — Volkswagen тасмим гирифтааст, ки дар Узбакистон истеҳсоли мошинҳои барқиро ба роҳ монад.
Чанде қабл хайати вакилони ширкат барои мухокимаи ин масъала ба Тошканд омаданд. Ба эҳтимоли зиёд дар Ӯзбекистони ҳамсоя боз як мошинистеҳсолкунандаи дигар пайдо мешавад.
***
Дар Қазоқистон ҷинояткор Арман Ҷумакелдиев, ки бо лақаби “Армани ёбоӣ” байни омма шинохта шудааст, бо тӯдааш дар рабудани 24 нафар гунаҳкор дониста шуд, ки яке аз онҳо вафот кардааст.
Дар ин бора раиси гурӯҳи махсуси ҷустуҷӯии додситонии Қазоқистон Ризабек Ожаров хабар дода гуфт, ки одамонро рабуда латукӯб кардаанд.
Аҳли тӯдаи Армани ёбоӣ як афсари пулисро шадидан латукӯб карда, силоҳашро гирифтаанд. Нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”
***
Лукашенко бо раҳбарии Русия ба Сурия нерӯ мефиристад
Ҳукумати Русия лоиҳаи созишномаи муддаташ номуайян бо Беларус дар бораи истиқрори як контингенти низомии то 200 нафарии белорус дар Сурияро тасвиб кард.
Тибқи тарҳи созишнома, контингенти Беларус берун аз минтақаи ҷангӣ, ки дар пойгоҳи ҳавоии Хмеймим, ки гурӯҳи авиатсионии Русия ҷойгир аст, қарор хоҳад гирифт. Вазифаҳо ва ҳайати гурӯҳи Беларусро ҳукумати Беларус дар мувофиқа бо Русия тасдиқ мекунад.
***
El Tiempo хабар додааст, ки субҳи 8 феврал дар шаҳри Доскебрадас дар ғарби Колумбия бар асари кӯчиши ярч 15 нафар, аз ҷумла ду ноболиғ кушта ва 34 тани дигар захмӣ шуданд. Кариб 20 хона зери хок мондааст. Ба гуфтаи мақомот, як нафар бедарак шудааст. Шаҳрдори Перейраи ҳамсоя Карлос Майя, ки теъдоди қурбониёнро таъйид кард, ҳушдор дод, ки лағзиши ярч дар ин минтақа ҳамчунон хатар дорад ва аз мардум даъват кард, ки шаҳрро тарк кунанд, то аз талафоти бештар ҷилавгирӣ кунанд.
Раисиҷумҳури Колумбия Иван Дюк ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кард. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки чунин фоҷиа соли 1973 низ рух дода буд. Он вақт ярч ҷони 60 нафарро гирифт.
***
Пурзӯртарин муборизи варзиши навъи UFC дар ҷаҳон рӯи мизи ҷарроҳӣ қарор гирифт. Қаҳрамони Нигериягии UFC дар вазни миёна Камару Усмон ба муддати номуайян аз майдон мебарояд.
Ӯро бар асари осеби дасташ ҷарроҳӣ карданд. Дар ин бора роҳбари созмон Дана Уайт хабар дод.
Хотиррасон мекунем, ки Камару рӯзи 2 июл бо Леон Эдвардс қувваозмоӣ хоҳад кард.