11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 10.02

Владимир Жириновский дар ҳолати вазнини гирифторӣ ба бемории коронавирус дар бемористон бистарӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки Жириновский, ки гирифтори маризии пневмонияи дутарафа буд, 75 дарсади шушаш осеб дидааст.

Сиёсатмадори 75-сола қаблан дар суханрониҳои худ гуфта буд, ки ҳашт маротиба алайҳи коронавирус воксин гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир духтурон вазъи сиҳатии сиёсатмадорро вазнин гуфтаанд ва таҳти дастгоҳи нафасгирии сунъӣ нигоҳ дошта шудааст.

***

Дар Туркия дарозтарин пули дунё сохта шуд

Раиси Шӯрои директори Лимак Холдинг Эбру Өздемир гуфт, ки пули нави овезони “Чаноққалъа 1915” дар гулӯгоҳи Дарданел барои кушода шудан омода аст. Ин дарозтарин пули марказӣ дар ҷаҳон хоҳад буд, ки 2023 метр аст.

Тибқи иттилои хабаргузории Анадолу, баландии сутунҳои пул, ки фосилаи марказиро нигоҳ медорад, беш аз 300 метр ҳастанд.  Пайвандҳои сутунҳо ва унсурҳои пул бо рангҳои сурх ва сафед, ки дар парчами Туркия мебошанд, ранг карда шудаанд.

Дарозии умумии купруки овезони шашқаторӣ дар дарёи Дарданел ба 4608 метр мерасад.

***

Ҳамлагари тими футболи “Бавария” Роберт Левандовски ба тими  “Реал” мегузарад. 

Футболбоз гуфтааст, ният дорад фаолияти худро дар дастаи Мадрид давом диҳад. Левандовски метавонад тобистони соли 2022 «Бавария»-ро тарк кунад.

Бояд гуфт, ки агар «Реал» бозингар Эрлинг Ҳолландро аз «Боруссия»-и Дортмунд ба сафи худ ворид накунад, метавонад ба Роберт Левадонски таваҷҷӯҳ кунад.

Шартномаи Левандовски бо «Бавария» то тобистони соли 2023 тарҳрезӣ шудааст.

***

Қазоқистон имсол тавлиди автоматҳои нави Калашниковро оғоз мекунад

Сухан дар бораи калибри 5,45 мм АК-12 ва АК-15 калибри 7,62 мм меравад, менависад Вазорати саноат ва рушди инфрасохтор.

Корхонаи “Тинис” дар вилояти Акмола автоматҳои русиро тавлид мекунад. Ҳаҷми истеҳсолот ҳанӯз ошкор нашудааст.

Ҷонибҳо дар форуми авиатсионии Русия MAKS-2021 дар бораи истеҳсоли автоматҳо созишнома ба имзо расониданд.

***

Барои кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои русӣ квота ҷорӣ карда шавад

Чунин пешниҳодро раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов ироа кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна тадбирҳо на танҳо ба донишҷӯён, балки волидони онҳо низ мусоидат мекунад, то ки ба зудӣ муттаҳид шаванд.

Коженов гуфт: «Дар маҷмӯъ, агар дар синф 10 дарсади кӯдакони хориҷӣ таҳсил кунанд, онҳо таҷрибаи мукаммали мутобиқшавӣ доранд. Ва он гоҳ ин барои волидони онҳо хеле хуб хоҳад буд.»

Дар баробари ин бо зикри он, ки чунин тадбирҳо дар ҳама минтақаҳои кишвар имконпазир нестанд, пешниҳод кардааст, ки барои фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ муассисаҳои томактабӣ низ таъсис дода шаванд.

***

Reuters хабар дод, Гитанас Науседа, раисиҷумҳури Литва иҷозат дод, ки нирӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар ба таври доимӣ фаъолият кунанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Литва, ин иқдом як сиёсати худдорӣ аз ҷониби НАТО аст ва ба таҳкими амният на танҳо дар Литва, балки дар тамоми минтақа хидмат хоҳад кард. Раисиҷумҳур ин изҳоротро дар пасманзари эъзоми 100 000 сарбози Русия ба марзи Украина, бахусус дар Беларус баён кард. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Гитанас Науседа бо Олмон ва Иёлоти Муттаҳида барои афзоиши контингенти низомӣ дар Литва музокира дорад. 

Қаблан иттилооте  буд, ки Эстония ва Латвия мехостанд ба маблағи 693 миллион евро таҷҳизоти низомӣ бихаранд, ИМА ба кишварҳои Балтик иҷоза дод, ки Javelin ва Stinger ба Украинаро таъмин кунанд, Литва омадани нерӯҳои Русия ба Беларусро таҳдиди мустақим медонист ва Эстония ва Латвия ва Литва аз НАТО талаб кардаанд, ки ҳузури низомии худро зиёд кунад.

***

Оҷонсии  Kyodo News бо такя ба манобеи ҳукуматӣ хабар дод, ки Ҷопон омода аст дар сурати тезутунд шудани вазъ дар атрофи Украина,  ба Аврупо газ интиқол диҳад.

Ба гуфтаи агентӣ, Токио метавонад кишварҳои дигарро барои ҳамоҳангсозии пуштибонӣ аз Иттиҳодияи Аврупо даъват кунад. вазири иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон Коичи Хагиуда гуфт: «Мо мехоҳем дақиқ бифаҳмем, ки чӣ гуна метавонем дар дохили ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳм гузорем»

Дар авоили моҳи феврал бо такя ба манобеъи Bloomberg, ИМА ва шарикони аврупоии он хабар доданд, ки дар ҷустуҷӯи таъминкунандагони нави гази табиӣ дар сурати муноқишаи низомӣ бо ширкати Русия дар Украина ҳастанд. Ба иттилои ин ниҳод, Вашингтон ва Брюссел бо мақомоти Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон тамос гирифтаанд. Ба гуфтаи манобеъи ожонсӣ, Чин низ ба унвони як таъминкунандаи эҳтимолии газ баррасӣ мешавад, аммо то ҳол музокирот ҳеҷ натиҷае надодааст.

Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин аз ширкатҳои Қатар, Нигерия, Миср, Либия ва Алҷазоир дархост кардаанд, ки дар сурати маҳдуд шудани гази Русия, истихроҷро афзоиш диҳанд.

Кохи Сафед баъдан хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида ба кори диверсификатсияи интиқоли гази табиӣ ба Аврупо дар сурати ҳамлаи Русия шурӯъ кардааст.

Тақрибан 40 дарсади газе, ки Иттиҳодияи Аврупо истеъмол мекунад, аз Русия меояд.

——————-

Номаҳои пинҳонии Доналд Трамп ва Ким Чен Ин ошкор шуданд

Нашрияи Вашингтон Пост бо такя ба манобеъи хабарии худ навиштааст, ки маъмурони бойгонии миллии ИМА аз мулки дар Флорида доштаи Трамп якчанд қуттии пур аз мактубҳоро мусодира кардаанд. Дар байни аснод номаҳои пинҳонии аз роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин гирифтааш ҳам буданд.

Ба навиштаи нашрия, Трамп ҳангоми рафтанаш ҳуҷҷатҳоро аз Кохи Сафед бо амволи худ бурдааст. Ин ҳама ҳуҷҷатҳои расмии раисҷумҳури собиқ  моликияти давлат шудаанд. 

Соли 1978 дар ИМА қонун дар бораи сабти санадҳои раисҷумҳур қабул шуда буд. Мувофиқи ин қонун ҳамаи мактубҳои Трамп ба шӯъбаи бойгонӣ бурда мешаванд.

Рӯзнома менависад, ки дар байни мактубҳои мусодирашуда ба ғайр аз номаҳои Ким Чен Ин, ки худи Трамп замоне онро «номаҳои ошиқона» унвон карда буд, паёме аз Барак Обама ҳам ҳаст, ки барои вориси худ дар соли 2016 боқӣ мондааст.

Коршиносоне, ки бо мухбирони нашрия мусоҳиба кардаанд, гуфтаанд, ки ба гумон аст, ки Трамп барои нақзи қонун дар бораи нигаҳдории ин ҳуҷҷатҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Як корманди собиқи Кохи Сафед гуфтааст, ки раисиҷумҳури пешин бо ин номаҳои худ ягон ҳадафи нопок доштанаш номумкин аст.  Вай гуфт, ки интиқоли бойгонӣ чун моликияти хусусӣ гувоҳи одати Трамп аст, ки ӯ дар давраи фаъолияташ ба ҳайси соҳибкор анҷом медод.

АЗ ДУНЁ ХАБАР 11.02

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *