Рӯзноманигори тоҷик Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои мустақил хабару гузориш менавишт, тақрибан, соати 15:00-15:30-и рӯзи 6-уми март, дар дохили Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакент аз сӯйи афроди ношинос, ки дар тан либоси мулкӣ доштанд, дастгир ва ба сӯйи номаълум бурда шудааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Чанд манбаъ, аз ҷумла кормандони Идораи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Панҷакент, ки шоҳиди ҳодиса буданд, дар суҳбат ба расона гуфтаанд, “Хуршед Фозиловро ду шахси номаълум аз дохили утоқ гирифта бурданд”.
Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, Хуршед Фозилов то моҳи январ тибқи шартнома дар доираи як лоиҳа бо онҳо ҳамкорӣ мекард ва дирӯз, 6 –уми март барои хабаргирии ҳамкорони пешинаш рафта буд.
“Субҳи имрӯз, 7-уми март, боз чаҳор нафари дигар бо либоси мулкӣ омада, компютереро, ки ӯ кор мекард, гирифта бурданд. Сабаб ва макони боздошти Хуршедро пурсидем, чизе нагуфтанд”, — гуфтааст як манбаъ расона.
Наздикони журналист ҳам тасдиқ кардаанд, ки якшабонарӯз ӯро наметавонанд пайдо кунанд ва хабар надоранд, ки ӯ дар куҷо ва дар кадом ҳолат аст.
“Мо ба ҳамаи идораҳои қудратии шаҳр рафтем. Касе ҳарфи мушаххас намегӯяд. Тавассути чанд нафар фаҳмидем, ки дар идораи амнияти шаҳр аст. Вақте ба ин идора рафтем, тасдиқ карданд, ки Хуршед дар ин идора аст ва баъди бозпурсӣ ҷавоб медиҳанд”, — шарҳ дода яке аз наздикони рӯзноманигор.
Хуршед Фозилов қаблан барои ҳамкорӣ бо сомонаи хабарии замоне фаъоли “Ахбор.ком” гумонбар буд. Ӯро ҳамроҳи чанде аз рӯзноманигорони дигар дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон нишон дода буданд.