Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон ба аз даст додани ними Исфара розӣ шудааст?

Қирғизистон ба тамринҳои низомие шурӯъ кардааст, ки дар он охирин намунаи техникаи ҷангии минтақа сафарбар шудааст: “Байрақдор”-ҳои туркӣ ва “Тигр”-ҳои русӣ. Ҳадафи номбаршудаи тамрин ҳам нишон медиҳад он алайҳи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Аз ҷониби Тоҷикистон на танҳо ҳеҷ амалкарди ҷавобӣ дида намешавад, балки садое ҳам то ҳол шунида нашудааст.

Дар пойгоҳи маркази таълимии “Эделвейс”-и Вазорати дифоъи Қирғизистон дар шаҳри Баликчии вилояти Иссиқ-Кӯли тамрини низомии тактикии махсус таҳти унвони “Капкан-2022” шурӯъ шуд. Дар тамрин ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2” ва мошинҳои зиреҳпӯши русии “Тигр” ҷалб шудаанд.

Ҳадаф аз баргузории тамринро, ки дар он воҳидҳои Вазорати дифоъ, КДАМ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода таҳти раҳбарии раисҷумҳур ва сарфармондеҳи Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар Содир Жапарав ширкат мекунанд, мақомоти Қирғизистон “омӯзишу таҷриба ва санҷиши амали сохторҳои қудратии Қирғизистон дар мавриди маҳви душмани шартӣ, ки қитъаи сарҳади давлатиро гузаштааст” унвон кардаанд. 

Аз харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” ҳамагӣ 4 моҳ ва аз харидории мошинҳои зиреҳпӯши “Тигр” як ҳафта гузаштааст ва ҷалби онҳо ба тамрини низомӣ, ё баргузории тамрин барои омӯзиши истифодаи онҳо дар ин кӯтоҳмуддат, гувоҳи ин аст, ки кишвари ҳамсоя масъалаи марз бо Тоҷикистонро аз авлавиятҳо медонад ва ҳадафҳое бузургтар аз қитъаҳои кӯчаки хатгузоринашудаи замин пеши худ гузоштааст.

“Душмани шартии қитъаи сарҳади давлатиии Қирғизистонро убуркарда”, ки дар ҳадафи баргузории тамрин зикр шудааст, ба ҷуз сарбозони тоҷик наметавонад каси дигаре бошад. Ягона “душман”-е, ки марзи ин кишваро аз замони истиқлолияташ убур кардааст, сарбози тоҷик аст, ки баъди ҳамлаи ноҷавонмардона ва ғофилгиронаи сарбозони қирғиз дар соли гузашта, онҳоро то 50 километрии хоки кишварашон ақаб зад.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ҳамеша ба хотири манфиъатҳои хонаводагии Оила ё афроди наздик ба он мисли Шералӣ Хайруллоев заминҳои зиёдашро ваҷаб ба ваҷаб дар ихтиёри қирғизҳо мегузорад, чи чизе мақомоти ин кишварро маҷбур ба тақвияти марз бо Тоҷикистон, тақвияти нерӯҳои мусаллаҳ ва тамринҳои зиддитоҷикистонӣ кардааст? Оё танҳо пешгирӣ аз вуруди навбатии сарбозони тоҷик ба хоки кишварашон? Ё ҳамсояҳо ҳадафе бузургтар аз заминҳои баҳсӣ доранд?

Бо фарқ аз мақомоти кишвари ҳамсоя, мақомоти Тоҷикистон на танҳо ҳеҷ амалкарде дар посух ба тақвими нерӯҳо аз ҷониби қирғизҳо надоранд, балки дар фароҳамшавии тамоми заминаҳо барои ишғоли заминҳои бештар аз ҷониби онҳо хизмат мекунанд. 

Адами таҳарруки низомӣ дар марзи Қирғизистон

Бо вуҷуди ин ки ҳамсояҳо ҳар рӯз ба нерӯи низомиашон дар марз меафзоянд, Тоҷикистон камтарин иқдоме дар ин самт нишон намедиҳад. Боястӣ дар посух ба тақвияти нерӯҳои қирғиз дар марз Тоҷикистон ҳам ҳамин корро мекард. Боястӣ дар муқобили “Байрақдор”-ҳои туркӣ ҳавопаймоҳои ҳамсоне харидорӣ менамуд (дар гумон аст, ки Туркия ба Тоҷикистон “Байрақдор” фурӯшад). Боястӣ дар посух ба харидории беш аз 100 мошинҳои зиреҳпӯш аз ҷониби қирғизҳо, ба ҳамин миқдор ё бештар аз он дарёфт мекард. Аммо ҳеҷ кадоме аз ин таҳаққуқ наёфт.

Дар сурати шурӯъи низоъи навбатӣ, танҳо як “Байрақдор” кофист, ки қирғизҳо тамоми техникаи низомии ба марз сафарбаршудаи Тоҷикистонро дар кӯтоҳтарин муддат аз байн баранд. Ва бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш ва силоҳҳои нави дастраскардаашон дар камтарин муддат Воруху Чоркӯҳ ва Сурро, ки тақрибан дар иҳотаи нерӯҳои низомии ин кишвар қарор дорад, забт кунанд. 

Тоҷикистон камтарин омодагие ба ҳамлаи ногаҳонии ҳамсояҳо надорад. Техникаи низомӣ ва артиш аз минтақаи фавқуззикр хориҷ карда шудааст ва агар Худо накарда ҳамсоя ҳамлаи ғофилгири бузургеро шурӯъ кунад, фурсат нахоҳад ёфт артиш ва техникаро ба минтақа интиқол диҳад.

Адами омодагии мардуми мулкӣ ба ҷанги эҳтимолӣ

Қирғизистон на танҳо аксари мардони марзнишинашро омӯзиши низомӣ додааст, балки онҳоро мусаллаҳ нигоҳ медорад. Ҳар хонаводаи марзнишини қирғиз силоҳ дорад ва ҳади ақал метавонад аз худ дифоъ намояд. Ҳар сокини марзнишини қирғиз ҳақ дорад дар сурати таҳдиди хатар ба сӯи тоҷикон оташ кушояд. 

Дар Тоҷикистон ҳатто афсари баландпоя ҳақи гирифтани тасмими тиркушоӣ ба ҳамлагарон бидуни иҷозаи мустақими “боло”, яъне Оиларо надорад. Қабл аз он, ки иҷозаи тиркушоӣ дода шавад, вазъ ба вилоят, аз онҷо ба вазорат, сипас ба вазири дифоъ гузориш дода мешавад. Вазири дифоъ бо Шамсулло Соҳибов, ки бинобар қочоқи бузурги сӯзишворӣ назорати Исфараро пурра ба ихтиёр гирифтааст, тамос мегирад. Дар аксар ҳолат Шамсулло амр медиҳад кор бидуни ҷангу тирпарронӣ ҳал шавад ва мақомоти Тоҷикистон ақабнишинӣ мекунанд. Ин аст, ки ҳамсояҳо ба марги даҳҳо сарбоз ва сокинони маҳаллӣ ҳеҷ гоҳ посух нагуфтаву ҷуброн напардохтаанд. Танҳо дар сурати бисёр вахим будани авзоъ, вазири дифоъ маҷбур мешавад вазъро ба раисҷумҳур гузориш диҳад. раисҷумҳур ҳам қабл аз он ки тасмиме гирад, дар бораи бизнеси домодаш меандешад.  

Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамлаи ҳамсояҳо дида, бештар аз қиёми мардумӣ метарсанд. Ин аст, ки ҳозир нестанд оддитарин силоҳ ба дасти мардум диҳанд. Дар сурати шурӯъи низоъе, мардуми мулкии Воруху Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълову Сур маҷбур хоҳанд шуд, ки бо белу каланд алайҳи силоҳи оташфишон, ки дар дасти мулкиҳои ҳамсоя қарор дорад, ҷанг кунанд. натиҷаи чунин ҷанг ҷои пешбинӣ надорад.

Ҷои тақвияти нерӯҳо дар марзи Қирғизистон, мақомоти қудратии тоҷик тамоми нерӯҳояшонро ба Бадахшон сафарбар кардаанд, то билохира ин мардуми саркашро “бишкананд”. Мардуме, ки дар ҷанги дурӯзаи соли гузашта омода буд ва Ворух рафта аз марзи кишвар ҳимоя кунад. Ва яке аз онҳое, ки аввалин шуда ба марз рафта буд — Гулбиддин Зиёбековро аллакай куштанд.  

Адами дастгирии давлатии сокинони марзнишин

Ҷониби Қирғизистон на танҳо мардуми марзнишинро мусаллаҳ кардааст, балки пайваста аз онҳо дастгирии моливу сиёсӣ ва равонӣ мекунад. Дар ҳар низоъе агар хонаи сокини марзнишине зарар дид, давлат на танҳо дар камтарин фурсат онро барқарор месозад, балки ба зарардида ҷуброни маънавӣ пардохт мекунад. Қирғиз агар хонаашро дар низоъ аз даст дод, соҳиби хонаи беҳтар ва имтиёзҳои бештар мешавад.

Дар муқобил, тоҷике, ки хонаву дарашро аз даст дод, дар аксари ҳолат маҷбур аст онро дубора аз ҳисоби худаш бунёд созад. Тибқи гузориши Радиои Озодӣ беш аз панҷоҳ хонаву бинои маъмурӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Сурхи Исфараро, ки бар асари муноқишаи хунини шаби 27 ба 28-уми январи имсол дар марз бо Қирғизистон қисман ё пурра вайрон шуда буд, то ҳол барқарор накардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон зарари расидаро наздик ба ду милион сомонӣ ҳисоб карда буданд. Сокинон мегӯянд, намояндагони ҳукумат «борҳо омада, ваъдаи ҷуброн кардаанд», вале чизе иваз нашуд. Дар ин хонаҳо беш 240 нафар иқомат мекунанд.

Новобаста аз он ки дар шурӯъи ҷанг кадом ҷониб гунаҳкор аст, новобаста аз он ки шаҳрвандаш воқеъан аз марзи кишвараш дифоъ намудааст ё ғосибона ба хоки Тоҷикистон ҳамла кардааст, ҷониби Қирғизистон онҳоро бо мукофоту ҷоизаҳо қадрдонӣ мекунад ва ҳатто унвони қаҳрамонӣ медиҳад. 

Дар Тоҷикистон ғайри ин ки танҳо як қаҳрамон вуҷуд дорад ва то мурдани ӯ набояд ҳеҷ касе қаҳрамон шавад, ҳатто сарбозоне, ки бо қимати ҷон аз марз ҳимоят мекунанд, қадрдонӣ намешаванд. Қадрдонӣ чи, дар аксар ҳолат сарбозони тоҷик гунаҳгор аз об дармеоянд. 

Садҳо сокини Воруху Чоркӯҳ, ки дар низоъҳои марзӣ фаъолона ширкат карда, аз марзи ватан ҳимоя кардаанд, аз тарафи мақомоти тоҷик таъқиб мешаванд. Қисмате боздошт шудаанд, қисмате бо маблағҳои ҳангуфт ҷону озодии худро харидаанд ва қисмате тарки ватан кардаанд. Паём парвандаи 4 нафарро дар даст дорад, ки мақомот бинобар ширкаташон дар ниҳоъи марзӣ бо қирғиз онҳоро таъқиб карда ва аз ҳар каладом аз 3 то 8 ҳазор доллар ришва гирифтаанд. 

Идома дорад

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *