Севвуми октябр, рӯзи дарҳои бози масоҷид дар Олмон аст. Дар ин рӯз беш аз ҳазор масҷид дарҳои худро ба рӯй ғайримусалмонон боз мекунанд то бо фарҳанг ва суннатҳои исломӣ дар масоҷид ошно шаванд. Имсол ин рӯз бо шиори ”Диндорӣ: Амре шахсӣ, фитрӣ ва табиӣ” баргузор мешавад.
Шӯрои ҳамоҳангии мусулмонон дар Олмон шаҳрвандони мусулмон ва ғайримусалмони алоқаманд ба исломро барои рӯзи севвуми октябр, ки ба унвони Рӯзи дарҳои бози масоҷид номида мешавад, даъват кардааст. Шиори имсоли ин барнома «Диндорӣ: Амре шахсӣ, фитрӣ ва табиӣ» аст. Ҳадаф ин рӯйдоди солона, тақвияти гуфтугӯ ва иртиботи бештар миёни мусулмонон ва ҷавомеъи исломӣ дар Олмон аст, то бештар бо ҳам ошно шаванд ва бад-ин тартиб битавонанд аз бардоштҳои ғалат ва суъитафоҳумот ҷилавгирӣ кунанд.
Дар рӯзи дарҳои бози масоҷид ағлаб мусулмононе ширкат мекунанд, ки ҳар рӯз ба сурати довталабона барои мушорикати мусбат ва ҳамзистии сулҳомез фаъолият доранд. Онҳо ин корро ба далоили мазҳабӣ анҷом медиҳанд. Дар сафҳаи расмии марбут ба рӯзи дарҳои бози масоҷид омадааст: “диндорӣ аз роҳи зиндагии дуруст, имон ва амали солеҳ ба даст меояд. Ин дар воқеъ мунъакискунандаи робитаи ҳамоҳанг миёни Худо ва мӯъмин, ҳамроҳон ва муҳити атрофи ӯст”.