Нерӯҳои укроинӣ мегӯянд, ки рустои Роботин дар минтақаи Запорожеро тасарруф кардаанд ва ба самти чандин рустои дигар ҳаракат мекунанд то минтақаи стратегии Токмакро дар маҳдудаи тӯпхонаи худ қарор диҳанд.
Александр Солонко, яке аз сарбозони мутахассис дар ҳавзаи иртиботот ба тафсил дар бораи мушкилоти пешрафт дар ин минтақа навиштааст.
Ӯ гуфтааст, ки “топографии минтақа бисёре аз нерӯҳои укроиниро дар маърази дид қарор додааст. Ҳар кӣ бошед, яъне як гурӯҳи таҳоҷумӣ, гурӯҳи шиносоии ҳавоӣ ё заминӣ ва ғайра, ҳаракати шумо аз дур қобили мушоҳида аст. Душман муддатҳост, ки барои мулоқот бо шумо омода мешавад.”
Вай изофа кардааст: “дар шумори маҳдуде аз роҳҳо, имкони дастрасӣ ва масирҳои лоҷистикӣ вуҷуд дорад. Ҳама чиз ба таври мукаррар ҳадафи гулӯла қарор гирифта ва гулӯлаборон шудааст. Мутмаинан шумо шиносоӣ мешавед. Асосан анҷоми фаъолият дар ҳоле, ки барои душман комилан пинҳон боқӣ бимонед ғайримумкин аст.”
Як афсари укроинӣ низ рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки замин боз як чолиш аст ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин аз ҳар ду тараф болои сари сарбозон аст.
Вай изофа карда буд, ки “пинҳон кардани ҳар гуна ҳаракати таҷҳизот ғайримумкин аст. Ҳар манёвре билофосила барои душман мушаххас мешавад ва гулӯлаи боронҳо ё бо тӯпхона ё паҳподҳо оғоз мешавад.”
Ин афсар гуфта буд, ки бар хилофи Баҳмут ҳеҷ зерзаминие вуҷуд надорад, ки битавон дар он паноҳ гирифт.
Аз сӯи дигар Солонко бо ишора ба таҷҳизоти Русия дар ин минтақа ба бархе аз онҳо ишора карда ва гуфтааст: “як системи комил аз сангарҳо, гӯдолҳо, туннелҳои воқеӣ дар бархе маконҳо вуҷуд дорад. Онҳо муҷаҳҳаз ба норинҷакандози худкор, мусалсал, системҳои мушаки зидди танк ҳастанд ва хандақҳои зиддитанк ва майдонҳои мин дар саросари минтақа кашида шудааст.”
Гузоришҳои мутааддид дар ҳафтаҳои ахир ҳокӣ аз он аст, ки тахрибчиҳои укроинӣ яъне сарбозоне, ки вазифаи поксозии майдони минро бар уҳда доранд пешрафти оҳистае кардаанд.
Солонко дар таҳлили худ гуфтааст, ки мавозеъи Укроин дар қаламрави бозпасгирифташуда аз сӯи минҳо ва симҳои барқӣ иҳота шудааст. Масирҳое барои вуруд эҷод мешаванд ва тахрибчиҳо ба тадриҷ минтақаро поксозӣ мекунанд.
Вай ҳамчунин ба беасар будани нерӯҳои зиреҳии укроинӣ дар минтақа ба далели бартарии душман дар ҳаво эътироф кард.
Вай гуфт: “бомбаҳои ҳавоии ҳидоятшаванда яке аз бузургтарин тарсҳо ҳастанд. Русҳо аз онҳо дар миқёси васеъ истифода мекунанд.”
Ба гуфтаи Солонко, русҳо ба таври густурда аз паҳподҳо барои назорат ва ҳадаф қарор додани мавозеъи Укроин истифода мекунанд. Онҳо аҳдофро шиносоӣ карда ва гулӯлаҳоро ба сурати дастаҷамъӣ партоб мекунанд ва ҳамзамон бомбаҳои ҳидоятшаванда ҳам шиллик мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки воситаҳои нақлиётие, ки Иёлоти муттаҳида додааст, ҷонҳои зиёдеро наҷот додааст. Вай бо ишора ба сӯҳбаташ бо яке аз сарбозони майдони набард фош кардааст, ки ду бор аз як ҳамла мустақим ба хотири истифода аз Брэдли (Bradley- навъе тонки амрикоӣ) ҷони солим бадар бурдааст.
Зеленский ва модели ҳимояти Амрико аз Исроил
Ин таҳлил дар ҳоле матраҳ шудааст, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин мегӯяд умедвор аст, ки ин кишвар кафолатҳои амниятии мушобеҳ бо Исроилро аз Амрико дарёфт кунад.
Зеленский дар гуфтугӯие бо расонаҳои укроинӣ гуфт замонатҳои амниятӣ, ҳам шомили сипар ва ҳам шамшер аст.
Ӯ гуфт, ки чунин тазминҳое аз тариқи раванди илҳоқи Укроин ба НАТО ҳосил мешавад аммо аз тариқи тавофуқи ду ҷониба бо Иёлоти муттаҳида тақвият хоҳад шуд.
Вай афзуд: “аммо эҳтимолан чунин моделе хоҳем дошт монанди модели Исроил, ки дар он силоҳ, фановарӣ, омӯзиш, умури молӣ ва ғайра дорем. Чизе шабеҳ ба Исроил аммо мо душмани мутафовите дорем.”
Вай таъкид кард, ки чунин тавофуқе бастагӣ ба ҳузури афрод дар Кохи сафед надорад чаро ки Кунгира онро таъйид мекунад.