Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 12 июл барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи обии барқии “Роғун” рафтааст. Сафари Раҳмон ба замоне иттифоқ афтодааст, ки расонаҳои ғарбӣ аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо дар бораи сармоягузорӣ дар ин нерӯгоҳи бузург хабар медиҳанд.
Тибқи хадамоти матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ раҳмон ҳамроҳи писараш, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ва Рустами Эмомалӣ ва сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шудааст.
Гуфта мешавад, ҷараёни корҳо дар нақби сохтмонии қабати чорум соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот бо назардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.
Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об мебошад. Дарозии нақбҳои дастрасӣ ва аэротсионӣ (яъне ҳаводиҳӣ) бошад 2319 метрро ташкил медиҳад.
Қаблан хабаргузории Рейтерз дода буд, ки Иттиҳодия Аврупо қасд дорад дар сохти Неругоҳи обию барқии Роғун дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.Иттиҳодияи Аврупо сармоягузори аслӣ дар сохти Неругоҳи обию барқии Роғун дар Тоҷикистон хоҳад шуд, то вобастаги Осиёи марказӣ ба энерги Русияро коҳиш диҳад.
Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) то кунун барои сохти ин неругоҳ, ки тавассути ширкати сохтмонии италиёии Webuild анҷом мешавад, сармоягузорӣ накардааст, аммо аввали ҳафтаи гузашта Комиссиюни Аврупо аз бонк хост то «бузургтарин сармоягузор» дар ин пружа шавад.
Гуфтанист, 29 октябри соли 2016 бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” оғоз гардида, 16-уми ноябри соли 2018 агрегати 1-ум ва 9 сентябри соли 2019 — чархаи дуюми неругоҳ ба истифода дода шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 чарха иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳад. НБО-и “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёд мебошад.