Рӯзномаи амрикоии “Ню-Йорк Таймс” дар гузорише ба нақл аз 2 мақоми аршади иттилоотии ғарбӣ навишт, ки дастгоҳҳои иттилоотии Исроил ва Амрико бар ин назаранд, ки Эрон қасд дорад дар интиқоми хуни ду аъзои Сипоҳи Посдорон, ки дар Сурия кушта шуданд ба киштиҳои тиҷории исроилӣ ҳамла кунад.
Бино ба гузориши ин рӯзнома, нерӯи ҳавофазоии Сипоҳи Посдорони Эрон дар ҳоли омода шудан барои ҳамалоти паҳподӣ ба киштиҳои исроилӣ дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон аст.
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс ба нақл аз як стратегисти наздик ба Сипоҳи посдорони Эрон навишт, ки ҳамла ба киштиҳои исроилӣ бо ҳадафи интиқоми кушта шудани ду узви ин нерӯ пас аз ҳамалоти ҳавоӣ дар моҳи март, ки ба Исроил нисбат дода мешавад, барномарезӣ шудааст.
Ба гуфтаи ду мақоми аршади иттилоотии ғарбӣ, артиши Амрико дар бораи як ҳамлаи қарибулвуқӯъ ба киштиҳои исроилӣ ба мақомҳои дифоъии Исроил ҳушдор додааст.
Онҳо гуфтанд, ки Новгони (флоти) панҷуми нерӯи баҳрии Амрико рӯзи панҷшанбе ба мақомҳои дифоъии Исроил эълом карда, ки Сипоҳи посдорони Эрон омодаи ҳамла ба киштиҳои исроилӣ аст, хабаре, ки тавассути як корманди аршади киштиронии Исроил таъйид шуд.
Амрико ва Исроил дар солҳои гузашта Эронро ба ҳамла ба нафткашҳо ва киштиҳои тиҷорӣ муттаҳам кардаанд аммо Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомҳоро рад кардааст.
Гузориши рӯзномаи Ню-йорк таймс дар ҳоле мунташир шуда, ки бинобар ба эъломи артиши Амрико, зербаҳрии ҳастаии амрикоии “Юозас Флорида” озими Халиҷи Форс шудааст то ба “тазмини амният ва субот дар минтақа кумак кунад.”
Тимоти Ҳокинс, сухангӯи Новгони панҷуми нерӯи баҳрии Амрико мустақар дар Баҳрайн гуфт, ки ин зербаҳрии мушакандоз, ки қобилияти ҳамли 154 мушаки “Томогавк” дорад ба нерӯҳои ин новгон дар Халиҷи Форс мепайвандад. Вашингтон маъмулан макони зербаҳриҳои худро дар ҳоле, ки дар баҳр ҳастанд, фош намекунад.
Ирсоли зербаҳриҳои ҳастаии “Юозас Флорида” ба Халиҷи Форс бо ташдиди танишҳо миёни Теҳрону Тел-Авив ва дар пайии афзоиши хушунатҳо миёни Исроилу фаластиниҳо анҷом шудааст.
Дар ҳамин замина бархе аз таҳлилгарони исроилӣ бар ин назаранд, ки шиллики мушак аз Лубнон, Ғазза ва Сурия ба самти Исроил, нишондиҳандаи стратегияи Теҳрон барои муқобила бо Тел-Авив аст.
Ба гуфтаи ин гурӯҳ аз таҳлилгарон, “агарчӣ мумкин аст гурӯҳҳои мухталифе пушти ҳамалоти мушакӣ ба Исроил бошанд, аммо эҳтимолан ҳамаи ин гурӯҳҳо бо Эрон муртабит ҳастанд.”
Онҳо ҳамчунин аз истиқрори шибҳинизомиёни вобаста ба Эрон дар Сурия ба унвони як унсури “таҳдидкунанда” барои Исроил ном мебаранд.
Бархе гузоришҳо Исроилро масъули ҳамалоти ҳавоӣ ба Сурия ва кушта шудани ҳаводорони Башшар Асад, раисҷумҳури ин кишвар муаррифӣ мекунанд, ҳамалоте, ки Исроил масъулияти онҳоро бар ӯҳда намегирад ё ағлаб дар бораи чунин ҳамалоте сукут ихтиёр мекунад.
Артиши Исроил агарчи ба унвони як қоидаи куллӣ дар мавриди амалиёти хос дар Сурия изҳори назар намекунад аммо эълон карда, ки дар даҳаи гузашта садҳо парвоз алайҳи гурӯҳҳои мавриди ҳимояти Эрон дар ин кишвар анҷом додааст, ки талош мекунанд ҷойи пой дар ин Сурия ба даст оваранд.
Дар ҳар ҳол ҳамалоти ҳавоие, ки ба Исроил нисбат дода мешавад, борҳо сомонаҳои радарӣ ва падофанди ҳавоии Сурияро ҳадаф қарор додаанд. Эрон, муттаҳиди калидии Башшар Асад, раисҷумҳури Сурия эълом карда, ки фақат мушовирони низомиаш дар ин кишвар мустақар ҳастанд.