Нерӯҳои Русия рӯзи душанбе ҳамалоти худро ба шуморе аз шаҳрҳои шарқи Укроин шиддат бахшиданд. Киев гуфт, ки русҳо мавзеъҳои Укроинро дар атроф шаҳри Баҳмут дар минтақаи шарқи Донетск гулӯлаборон карданд. Ҳамалоти ҳавоӣ ба ин шаҳр ва дигар шаҳрҳои он минтақа низ гузориш шудааст.
Генерал Александр Серский, фармондеҳи нерӯи заминии Укроин дар бораи Баҳмут гуфт: “душман ба тактикҳои маъруф ба “замини сӯхта” (як стратегияи низомӣ ба маънии аз байн бурдани тамоми манобеъ дар дастрасии нерӯи душман аст) аз Сурия рӯй овардааст. Бо ҳамалоти ҳавоӣ ва оташи тӯпхонаи сохтмонҳо ва мавзеъҳоро вайрон мекунад.”
Шаҳри Баҳмут тайи моҳҳои ахир макони аслии даргирии низомии Русия ва Укроин будааст.
Раиси бахши таҳти контроли Донетск гуфтааст, ки нерӯҳои рус акнун 75 дарсад аз шаҳрро дар ихтиёр доранд.
Ин иттифоқҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки Укроин ба далели ифшои асноди Иёлоти муттаҳида маҷбур ба ислоҳи бархе аз барномаҳои низомӣ шудааст.
Мақомоти амрикоӣ дар талош барои радёбии манбаъи ифшои даҳҳо санади маҳрамона ҳастанд. Ин аснод маҷмӯае аз мавзӯъот аз ҷумла иттилоот дар бораи даргирии Укроинро шарҳ медиҳанд.
Михаил Подоляк, мушовири раисҷумҳурии Укроин, дар посух ба саволе дар бораи ифшои шуморе аз асноди маҳрамонаи Пентагон гуфт, ки барномаҳои стратегии Киев бидуни тағйир боқӣ мондааст аммо тактикҳои хос ҳамеша дар маърази тағйир ҳастанд.
Алексей Данилов, дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Укроин ба Рейтерз гуфт: “доираи афроде, ки иттилоот доранд бисёр маҳдуд аст.”
Бархе аз коршиносони амнияти миллӣ ва мақомоти амрикоӣ мегӯяанд гумон мебаранд, ки фошкунанда мумкин аст амрикоӣ бошад аммо онҳо шак ба афроди тарафдори Русияро рад намекунанд.