Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз, 13 март Рустами Эмомалӣ шаҳрдори пойтахт ва писари раисҷумҳурро чун номзад ба вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард.
Вакилони Маҷлиси пойтахт бо як овоз аз номзадии шаҳрдор ҳимоят карданд (накарда ҳам бинанд). Интихоби вакилони маҷлиси болоии парлумон ё Сенат 27 март баргузор мешавад.
Гуфтанист 25 узви Маҷлиси миллӣ аз тарафи маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб мешаванд — панҷнафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва НТМ ва 8 нафари онҳоро раисҷумҳур таъин мекунад.
Сенаторҳо (аъзои Маҷлиси Миллӣ) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро баррасӣ мекунанд ва танҳо баъди тасдиқи онҳо қонун қабул мешавад. Яъне аъзои палатаи болоӣ бояд варзидатар, донишмандтар ва ҳакимтар аз аъзои Маылиси намояндагон бошанд.
Аслан калимаи “сенат” ҳам ба маънии шӯрои куҳансолон аст. Яъне куҳансолони коркуштаву ҳакиму донишманд бояд ба ҳам оянд ва масоили кишварро ҳал кунанд. Ҳоло Рустам бо ин синну ҳикмату донишаш дар ин маҷлис ба чи кор машғул хоҳад шуд, суоли матраҳ аст.
Дар асл вазифаи Рустами Эмомалӣ дар маҷлиси “пирони хирад” аллакай муайян шудааст. Тибқи пешбинии аксарияти таҳлилгарон ӯ раиси Маҷлиси Миллӣ “интихоб” ва Убайдуллоевро дар мақоми дуввумаш ҳам иваз хаҳод кард. Рустам, генерали 33-сола “пешво”-и “пирони хирад” хоҳад шуд. Генерале, ки бидуни як рӯзи хидмат дар артиш ин унвонро соҳиб шудааст. Ва бидуни як рӯзи корӣ дар мақомоти иҷроия шаҳрдор таъин гаштааст. Шаҳрдори ҷавоне, ки дар дуздиву ғорат аллакай тағояш Ҳасанро бо як нӯл задааст. Шоҳписаре, ки дар ба бод додани пулҳои буҷа падари пирашро, ки 27 сол аст ин кишварро ғорат мекунад, дар ҳайрат гузоштааст.
Танҳо барои ҷашни зодрӯзаш Рустами Эмомалӣ ҳади ақал 200 ҳазор доллар масраф мекунад! Соли 2017, замоне, ки тоза шаҳрдор таъин шуда буд, ӯро ба ҷашнаш сарояндаи ҳолландӣ Симонс Ева Мария дар клуби шабонаи Royal Club, ки ба худи Рустам таъаллуқ дорад табрик кард. Ба ҷашн ҳудуди 100 нафар, аз ҷумла меҳмонони хориҷӣ даъват шуда буданд. Масрафи ин ҷашнро манбаъи Паём ҳудуди 200 ҳазор евро тахмин зада буд, ки 170 ҳазори он барои овардани сарояндаи ҳолландӣ масраф шуда буд.
Соли 2018 Ба ҷашни рӯзи таваллуди шаҳрдори Душанбе сарояндаи руминӣ Отилия Буримэ (Otilia Bruma), иҷрокунандаи хитҳои Bilionera, Prisionera, Diamante даъват шуд. Боз ҳам бо масрафи 200 ҳазор евро. Ин замон Рустам аллакай шаҳрдори Душанбе буд.Гуфтанист, ки тибқи қонун дар Тоҷикистон ҷашн гирифтани рӯзи таваллуд берун аз доираи оила мамнӯъ аст. Вале қонунҳо ба Рустами Эмомалӣ ва дигар аъзои оилаи раисҷумҳур дахл надоранд.
Раиси шаҳри Душанбе, писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, даҳ дақиқа кам раиси Маҷлиси Миллӣ, генерал Рустами Эмомалӣ аллакай чанд намуди бизнесро монополия кардааст, буҷаи пойтахтро бераҳмона ғорат мекунад ва тиҷораташро рӯз то рӯз бузургтар карда, вориди рақобат бо тағояш Ҳасан ва язнаҳояш гаштааст.
Паём чанд тадқиқот дар бораи дуздиҳои ӯ навиштааст, ки метавонед бо навиштани номаш дар ҷустуҷӯгари сомона, онҳоро пайдо кунед.