Рубрики Хабарҳо

Оқи волидайн

Ибораи оқи падар дар ҷомеа зиёд шунида мешавад. Баъзеҳо бо ин лаҳн касеро дашном мекунанд, баъзеҳо бо ин ибора нафареро таъна мезананд.

Ҷомеаи мусалмони тоҷикистон ҳама медонанд, ки оқи падару модар будан аз гуноҳҳои бузург аст, аммо аксарият фикр мекунанд, фарзанд замоне оқ мешавад, ки худи падар ва ё модар, ман туро оқ кардам, гӯяд. То замоне, ки падар ва  ё модар туро оқ кардам ва ё оқ мекунам нагӯянд, оқи волидон ҳисобида намешавад.

Агар ба шариати ислом нигоҳ кунем, оқи волидон будан, маънои дигарро дорад.

Дар шариат ҳар амале, ки падару модарро азият мекунад, хоҳ он амалро бо забон анҷом диҳем, хоҳ бо дасту по, оқ ҳисобида мешавад. 

Волидон, агар фарзанди худро ба гуноҳ амр кунанд, бар зидди фармудаҳои Илоҳӣ амр кунанд, дар ин вақт бо ҳеҷ ваҷҳ гуфтаи волидонро иҷро кардан, ҷоиз нест.

Аммо, вақте волидон ба корҳои мубоҳ амр мекунанд, дар ин вақт фарзанд бояд итоати падару модарро кунад.

Баъзе аз уламо мегӯянд, дар корҳои мубоҳ бар хилофи фармудаи волидон амал кардан ва ғазаби онҳоро овардан, оқ аст. Намоз хондани фарзанд, илм хондану касби ҳалол омӯхтани фарзанд, агар волидонро ба ғазаб оварад, дар ин ҳолат барои фарзанд гуноҳе нест, зеро ӯ фармудаи Парвардигор ва роҳҳои дарёфти ризқи ҳалолро омӯхта истодааст.

Аммо, корҳои дигаре, ки хашми волидонро меоварад, агар фарзанд дидаву дониста анҷом диҳад, оқи волидон ҳисобида мешавад.

Беҳудагардиро падару модар бад мебинанд, фарзанд бошад рӯзҳо вақти худро дар сари телефону телевизион мегузаронад, албатта ин амал волидонро азият мекунад, ин оқ ҳисобида мешавад. Падару модар аз шабгардиву рафиқони бади фарзанд хуш надоранд, фарзанд  ба ин нигоҳ накарда, вақтҳои худро бо рафиқони бад мегузаронад, албатта ин оқ ҳисобида мешавад.

Волидон мехоҳанд фарзанди оиладор шудаашон аз онҳо хабар гирад, аз ҳолашон пурсад, фарзанд бошад машғули кору зиндагии шахсиаш ҳаст, албатта ин оқ ҳисобида мешавад.

Фарзанд бахотири мушкилии кӯчак рӯзҳо бо волидонаш суҳбат намекунад, бо волидонаш қаҳр мекунад, волидон аз рафтори ӯ азият мешаванд, ин ҳам намуди оқ аст.

Ҳар амале, ки дили волидонро меранҷонад, волидон эҳсоси озурдагӣ мекунанд, оқи волидон ҳисобида мешавад.

Оқибати азияти волидон хеле бад аст. Инсони падару модари худро озор дода дар дунёву охират ҷазои амалашро мебинад. Азияти волидон носипоси баробари тамоми некиҳои дар ҳаққамон карда мебошад. 

Дар ҳадиси Бухорӣ ва Муслим омадааст:

الا انبئكم باكبر الكبائر؟ ثلاثا قالوا بلى يا رسول الله الاشراك بالله و العقوق الوالدين

Паёмбар салаллохи алайхи васаллам боре ба саҳобагон гуфтанд:

Оё шуморо аз гуноҳҳои кабира хабар диҳам? Ин саволро се бор такрор карданд. Саҳобагон гуфтан, оре ё Расулаллоҳ.

Сипас Паёмбар гуфтанд: Ба Аллоҳ ширк овардан ва оқи волидон.

Каъба Аҳбор тобеъии бузург мегӯянд: Онҳое, ки падару модари худро ғам медиҳанд, дар дунё ба зудӣ ҳалок мегарданд, то зудтар ҷазои амалашонро бинанд.

Умар ибни Абдулазиз мегӯянд.

Шахсоне, ки оқи падару модар ҳастанд, падару модари худро азият мекунанд, бо ин гуна одамон дӯстӣ накунед, зеро шахсе, ки қадри падару модари худро надонист, асло қадри шуморо намедонад. 

Дар Қуръон некӣ кардан ба волидон, ҳамеша пас аз ибодат кардани Парвардигор омадааст, барои он ки Парвардигор моро халқ кардааст, неъмати зиндагиро бароямон додааст. Падару модар бошанд, сабаби офариниши мо, бузург шудану инсони мустақил гаштани мо ҳастанд. Бешак шахсе, ки бо он ҳама нект ба қадри падару модараш намерасад, асло ба қадри дигарон намерасад. Оне, ки ҳама некиҳои волидонро фаромӯш карда, онҳоро азият дод, некиҳои дигаронро низ фаромӯш мекунад.

Сабабҳои оқи волидон

Ҷаҳлу бесаводӣ

Бесаводӣ дарде аст, ки инсонро ҳалок мекунад. Шахси ҷоҳилу бесавод аз ҳама пеш душмани ҷони худаш мебошад. Шахси бесавод барои худаш чӣ суд дорад, чӣ зиён дорад, фарқ карда наметавонад.  Шахсе, ки оқибатҳои азияти волидонро намедонад, намедонад, ки барои азияташ ӯро дар дунёву охират чӣ ҷазое интизор аст, албатта аз азият додани волидон боке надорад. Агар аз оқибатҳои некӣ ҳаққи падару модар, баракати дуои неки онҳо бохабар бошад, асло хашми онҳоро намеоварад.

Инсон то чӣ андоза ҷоҳил аст ва то чӣ андоза савод дорад, метавон аз ҷиҳати некиаш ба волидон фаҳмид. Шахсоне, ки худро соҳиби илму ирода мепиндоранд, аммо бо падару модари  худ муомилаи хуб надоранд, бешак ҳеҷ хабаре аз илму саводнокӣ надоранд. 

Тарбияи бад

Кӯдак бо рӯиҳаи поку қалби фориғ аз ҳама олудагиҳову разолат ба дунё меояд. Падару модар сабаби асосии инсони нек ва ё бад шудани фарзанд мебошанд. Кӯдаки хурдакак, махсусан то даҳсолагӣ тамоми суханҳои волидонро хеле бодиққат мепазирад. Волидоне, ки ба кӯдакони худ  хатари оқи волидайн ва оқибатҳои неки бирри волидонро меомӯзанд, фарзандони солеҳ бузург мекунанд. Аксари фарзандоне, ки падару модари худро меозаранд, дар оилае бузург гаштаанд, ки дар он умеде аз саводи илмиву, насиҳатҳои падару модарона вуҷуд нест. Модар дар хотир надорад, ки кай ба кӯдаконаш оиди хубиву бадӣ, хатову дуруст сӯҳбат карда бошад. Падар насиҳат ба кӯдакону қиссаҳои пандомезро масхара медонад. Худи волидон сабаб мегарданд, ки фарзандонашон оянда балои ҷонашон гарданд. Вақте худи мо дар тарбия кӯтоҳи кардем, пас ба ҷуз худ аз каси дигар набояд шикоят кард.

Таъсири дӯстони бад

Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:

المرء على دين خليله فلينظر احدكم من يخالل

Инсон дар дини дӯсташ аст, ҳар яки шумо бубинад бо кӣ дустӣ мекунад.

Таъсири дӯст дар зиндагӣ нақши муҳим дорад. Инсон хоҳу нохоҳ аз ҳамнишини худ таъсир мегирад. Шахсоне, ки дар атрофашон фарзандони падару модар озор зиёд ҳастанд, озори волидонро амри оддӣ мебинанд. Дар ҳаёти имрӯза метавонем бо чашми худ мушоҳида кунем. Гуруҳе бо ҳам дӯсти наздик ҳастанд, ҳамаашон бо оилаи худ муностбати хуб надоранд. Гуруҳе бо ҳам дӯст ҳастанд, ҳамаашон бо падару модари худ муомилаҳои олӣ доранд. 

Яке аз солеҳин мегӯянд, ҳаргиз баҳонҳое, ки оқи падар ҳастанд, қадри волидонро намедонанд, дӯстӣ накун, ӯ ҳаққи волидони худро надонист, фарзи дар гарданаш бударо иҷро накард, куҷо расад ба ҳаққи дӯстӣ расидан.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *