Categories Хабарҳо

Қурби асъор ва қимати нафту тилло дар имрӯз

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 14.07.2022 эълон кард.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, дар бозори арзи кишвар 100 рубли русӣ 17 сомонии 10 дирам арзиш дорад.

Арзиши евро бошад, дар бозори арзи кишвар ҳоло 100 евро баробари 1049 сомониву 81 дирам қимат дорад. 

Арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон, 100 доллар баробари 1048 сомониву 87 дирам мебошад. 

******

Нархи тилло

Қимати тилло дар биржаҳои Лондон субҳи имрӯз 1727 доллару 65 сент барои як унс таин шуд. 

Тасбити нархи миёнбонкии тилло ҳар рӯзи муъомилоти тиҷорӣ дар соати 10:30 субҳ ва 15:00 баъд аз зуҳр ба вақти Гринвич анҷом меёбад. Натиҷаҳои тасбит ба унвони маҳак дар муъомилоти шимши тилло дар саросари дунё мавриди истифода қарор мегирад. Барои муъайян кардани баҳои тилло панҷ бонки Лондон ширкат мекунанд ва миёни онҳо тилло доду ситад мешавад.

******

Нархи нафти хом

Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар  биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 99 доллару 22 сент муъомила шуд.

Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк  95 доллару 83 сент муомила шуд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *