Қимати пиёзу сабзӣ дар баҳсҳову оморҳо
Муқоисаи нархҳо дар Тоҷикистон аз тарафи як муассисаи Созмони Милал нишон додааст, ки арзиши се навъи маводи ғизоӣ дар кишвар имсол назар ба соли гузашта фавқулода боло рафтааст.
Аз ҷумла, нархи пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, бештар аз 192 дар сад ва қимати орд тақрибан 50 дар сад боло рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон авомили болоравии нархи пиёзро номбар кард.
“Яке аз омилҳои болоравии нархи пиёз дар соли равон кам кишт шудани пиёзи барвақтӣ мебошад. Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 ҳазор гектар ва 200 гектар дар дигар ноҳияҳо”, — гуфт Амирбеки Темур.
Сабаби дигари боло рафтани нархи пиёз дар бозорҳои кишвар, ба гуфтаи ӯ, болоравии нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минералӣ будааст.
Аммо бо ин вуҷуд қимати сабзӣ поин рафтааст. Барномаи озуқавории Созмони Милал, ки нархи маҳсулотро дар бозорҳоро мушоҳида мекунад, бо нашри хабарномаи тозаи худ гуфт, ҳоло арзиши қимати сабзӣ дар муқоиса ба соли 2021 тақрибан 65 дар сад ва лубиёи сафед 5 дар сад арзонтар аст.
Дар хабарнома омадааст, ки нархи орд дар ҳафтаи гузашта дар муқоиса ба ҳафтаҳои пешин дар 6 бозори Тоҷикистон аз 1 то 3 дар поинтар омада, дар Хоруғ андаке боло рафтааст.
Шакар ҳам дар 8 бозори Тоҷикистон аз 4 то 18 дар сад арзонтар шудааст.