Дар Ӯзбекистон системаи назорати афроди гумонбаршуда бо дастбандҳои электронӣ ҷорӣ мешавад.
Дар асоси қарори дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирии фирори шахсони дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда, ки нисбати онҳо чораи пешгирикунанда дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст ва ҳамчунин ба маҳбусон, низоми истифодаи дастпонаҳои электронӣ ҷорӣ карда мешавад.
Ҳангоми кӯшиши фирори шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда, дастбанди электронӣ ба таври автоматӣ ба ҷузъу томҳои навбатдории шӯъбаи корҳои дохилии минтақавӣ хабари аудио ва визуалӣ онлайн мефиристад..
Ҳамин тариқ, шахсоне, ки дар онҳо дастпонаҳои электронӣ ҳаст, дар ҳолати кӯшиши фирор тавассути GPS, ба мақомот маълумот фиристода мешавад.
Дар хабар гуфта шудааст, ки то 1 декабри соли 2024 тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ пурра бо дастпонаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.