Рубрики Хабарҳо

То ҳол Тоҷикистон масъалаи пайвастан ба ИИАО-ро меомӯзад

Як гурӯҳи кории байниидоравӣ то ҳол масъалаи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро меомӯзад. Аз рӯи натиҷаҳои ин корҳо хулосаҳо пешниҳод мешаванд, ки дар асоси он ҳукумат тасмими ниҳоӣ қабул мекунад.

Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар рӯзи 14 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе маълумот дода гуфт, «ҳатто бидуни ин ҳам мо бо кишварҳои узви  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар шаклҳои гуногун хеле зич ҳамкорӣ дорем»

Завқизода ба афзоиши мунтазами гардиши тиҷоратии дуҷониба миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъкид кард.

Тибқи омори расмӣ, ҳиссаи гардиши мол бо кишварҳои узви  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 43,2 дарсадро ташкил додааст. Тоҷикистон бо ин кишварҳо ҳудуди 1,2 миллиард доллар тиҷорат кардааст.

Аммо соли ҳаштум аст, ки мақомоти Тоҷикистон пас аз таъсиси ин иттиҳодия ба мақсад мувофиқ будани пайвастан ба  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон бо дархости тарафайн берун аз Иттиҳодияи Аврупо боқӣ мемонад.

Ҳоли ҳозир кишварҳои Белорус, Қазоқистон ва Русия ба ҳайси кишварҳои муассис мебошанд, ки 29 майи соли 2014 Шартнома дар бораи  Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро имзо кардаанд. Арманистон ва Қирғизистон соли 2015 ба ин иттиҳод пайвастаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *