Рубрики Хабарҳо

Дар Хатлон 49 корхона аз фаъолият бозмондаанд

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо сабабаҳои гуногун 49 корхонаи хурду бузурги саноатӣ аз фаъолият бозмонда, дар натиҷа беш аз 947 нафар ҷойи кори худро аз даст доданд.

Сабабҳои аз фаъолият бозмондани 49 корхонаи саноатиро мақомот ба фурӯш нарафтани маҳсулоти худи корхона, муфлисшавӣ, набудани маблағ ва дигар омилҳо рабт медиҳанд.

Бино ба маълумоти дар нишасти хабарӣ ироакардаи Қурбон Ҳакимзода, сардори Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон,  дар шаҳри Кӯлоб се корхона, аз  ҷумла ҶДММ “Амон Ш-1”  бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулот ва надоштани маблағи гардон, КВД “Зари Кӯлоб” бо сабаби муфлисшавӣ, ва ба ин монанд, қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои саноатие ҳастанд, ки аз фаъолият бозмонданд.

Гуфта шуд, ки  дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 43 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шуда, айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  674 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *