Рубрики Хабарҳо

Кӯмакҳо куҷо мераванд?

Дар Тоҷикистон маъракаи нави ҷамъоварии маблағ шурӯъ шудааст. Сар аз маъоши кормандони буҷавӣ, то “кӯмаки ихтиёрии” соҳибкорони хурду бузург ва корхонаву идораҳо. Ин маърака замоне шурӯъ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаашро ба ҳисоби махсуси Ситоди мубориза бо коруно гузаронд ва аз Фонди захиравии раисҷумҳур 12,5 миллион сомонӣ барои кӯмак ба табибон ҷудо кард.

Бо пайравӣ аз ӯ аввал вазирону раисон маъошашонро ба Ситод фиристоданд, сипас ин маърака то муаллимон ва ҳатто фаррошони идораҳои давлатӣ расид. Ҳама ихтиёрӣ, мисли ҳамеша. Мисли маъракаи фурӯши саҳмияи Роғун, ки ҳатто кӯдакони боғча “ихтиёран” барои саҳмия пул ҷамъ карда буданд.

Албатта дар чунин шароите ҷамъоварии маблағ сутуданист. Аммо масъала миқдор ва ба куҷо рафтани ин маблағҳост. 

Бузургтарин кӯмак дар ҳаҷм, албатта ба раисҷумҳур таъаллуқ дорад. Ӯ тибқи ҳисобҳо аз 75 то 125 ҳазор доллар маъош мегирад, ки баробар ба маъоши беш аз ҳазор муаллим ё духтур ва 2-3 ҳазор фаррош аст. Яъне бояд 1000 муаллим аз баҳри маъошаш гузарад, то ин ҳаҷм ҷамъ шавад. 

Ҳамчунин ӯ аз фонди захиравиаш 12,5 миллион ҷудо кардааст. Маблағи каме нест. 

Аммо масъала ин ҷост, ки ин маъошу фонд аз куҷо сарчашма мегиранд ва то кадом сатҳ қонунианд. Раисҷумҳур маъошашро аз мардум пинҳон медорад ва ягона маълумоти дастрас ин аст, ки ӯ як замон 24 000 доллар маъош мегирифт, сипас ду ё се бор онро 100 ва 50 фоизӣ боло бурданд. Ҳеҷ раисҷумҳуре, ҳатто раисҷумҳурони кишварҳои абарқудрате мисли Амрикову Чин ин гуна маъош надоранд. Барои мисол раисҷумҳури Амрико ҳудуди 35 000, Русия ҳудуди 12 500 ва Чин ҳамагӣ 1700 доллар маъош мегиранд. 

Маъоши раисҷумҳур аз ҳисоби буҷа, буҷа аз ҳисоби андоз таъмин мешавад. Андоз аз кисаи мардум ситонида мешавад, мардум амалан корфармои кормандони буҷавӣ аст ва бояд донад, ки пулаш ба куҷо масраф мешавад ва кӣ аз он истифода мебарад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон маъошашро аз корфармояш пинҳон медорад. Амалан пули корфарморо ғасб карда, бе иҷозаи ӯ барои худаш истифода мебарад. Яъне ҳаҷми маъоши ӯ ғайриқонунист ва дуздӣ маҳсуб мешавад. Корфармо ба ӯ иҷоза надодааст, ки ин қадар маъош дошта бошад. 

Ҳоло ӯ аз он маъоши ғайриқонуние, ки 28 сол аст бо зӯр аз кисаи мардум мегирад, ҳамагӣ якмоҳаашро барои кӯмак ба бемороне, ки дақиқан бо айби ӯ сироят шудаанд ҷудо кардааст. Куҷои ин кор иқдоми хайрхоҳона аст? Ва тамоми моҳонагирҳо аз буҷаро маҷбур ба пайравӣ аз ин “иқдоми ватандӯстонааш” мекунад. Дар ҳоле, ки моҳонаи дигарон, ҳатто вазирону раисони кумитаҳо бо фарқ аз ӯ на танҳо ҳалол аст, балки бамаротиб камтар аз он аст, ки бояд гиранд. Масалан як вазир ҳудуди 500 доллар моҳона мегирад, ки 150-250 баробар камтар аз Эмомалӣ Раҳмон аст ва дархӯри вазиру раиси кумитаву оҷонсиҳо нест. 

Аммо 12,5 миллионе, ки аз фонди захиравии раисҷумҳур ҷудо гардидааст. Расонаҳои давлативу тамаллуқкорон инро чун як саховати камназир ҷилва медиҳанд. Дар ҳоле, ки он ҳам аз буҷа, яъне кисаи мардум ҷудо мешавад ва ҳаҷми он баробар ба 380 миллион сомонӣ аст!  На раисҷумҳур, на вазорати молия ва на парлумон, ки ин қонунро тасдиқ кардааст, барои ягон тини он ҳисобот намедиҳанд, ки ба куҷо масраф мешавад. Ва аз ҳамин фонди бузург, Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 12,5 миллион ё каме бештар аз 3 дарсадашро барои мубориза бо бузургтарин мусибати ба сари мардум дар 28 соли охир омада ҷудо мекунад. Суоли матраҳ ин аст, ки раисҷумҳур 367 силлион сомонии ин фондро чӣ кор карданист? Агар он барои ҳамин рӯзҳои сахти мардум масраф нашавад, пас куҷо хоҳад рафт?

Баргардем ба “ирсоли ихтиёрии маъош” аз тарафи кормандони соҳаҳои буҷавӣ. Бигзор он ихтиёрӣ бошад ва Худованд ба якояки онҳо барои ин саховаташону дастгирии беморон аҷр диҳад. Вале инҷо ҳам суол пайдо мешавад, ки ин маблағҳо куҷо мераванд? То ҳол ягон ҳисобот дар бораи ба куҷо масраф шудани кӯмакҳои хориҷиву дохилӣ нашр нашудааст. Касе намедонад ин маблағҳо барои чӣ коре истифода мешаванд. Тибқи иттилооте, ки расонаӣ мешаванд, таъмини хӯрок, доруворӣ, лавозоти ҳифозатии беморон пурра аз ҳисоби худашон аст. Дар аксар ҳолатҳо аз онҳо ҳатто барои ҷои хоб пул талаб мекунанд. 

Гузашта аз ин мардум аст, ки барои табибон хӯрок мебарад, дастпӯшу ниқоб ва комбенизон мехарад. Даҳҳо ҳолати фурӯши ниқобу дастпӯшу либоси ҳифозатии чун кӯмак дарёфтшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд. Ҳатто барои зиддиуфунӣ кардани кӯчаву хиёбонҳо хона ба хона маблағ ҷамъ мекунанд. 

Ҳаҷми кӯмакҳои дохиливу хориҷӣ ба даҳҳо миллион доллар расид, шояд аз марзи 100 миллион ҳам убур кард, аммо то ҳол ҳеҷ мақоме барои 1 доллари он ҳисобот надодааст. Имкони зиёд вуҷуд дорад қисми зиёди ин кӯмакҳо ба ҳисобҳои офшорӣ ё сандуқҳои масъулин фиристода шавад. Ва даҳҳо ҳазор аз нарасидани ниқобу дастпӯш сироят шаванду ҳазорҳо нафар аз нарасидани дору ё надоштани маблағ кушта шаванд. 

Бино бар ин, ҳанӯз ҳам, ки дер нашудааст, бояд мардум даст ба кор шавад. Вақти он аст, ки аз мақомот талаб карда шавад барои ҳар дирами кӯмакҳо, чӣ хориҷӣ ва чӣ дохилӣ ҳисобот диҳанд. Бояд ситоди мардумие бо ҷали намояндагони созмонҳои кумакрасон барои назорат аз болои масрафҳо, таъмини беморон бо дору, табибон бо лавозимоти муҳофизатӣ ва ғайра таъсис дода шавад. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *