Рубрики Хабарҳо

«Рубин»-и Қазон Рашид Раҳимовро сармураббӣ мегирад

Рашид Раҳимов, футболбоз ва мураббии маъруфи тоҷик дубора ба футболи Русия бармегардад. Тибқи иттилоъи  , нимҳимоятгари собиқи дастаи “Помир”-и Душанбе қарор аст пас аз танаффуси тӯлонӣ раҳбарии “Рубин”-и Қазонро ба дӯш гирад.

“Рубин бо Рашид Раҳимов дар бораи имзои қарордод то охири мавсим бо имкони тамдиди мӯҳлати он дар сурати ба Премйер-лигаи Русия роҳ ёфтани даста ба мувофиқа расидааст” — навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, эҳтимолан истеъфои Юрий Уткулбаев, мураббии имрӯзаи “Рубин” рӯзи чоршанбе эълон шуда, номи мурабии нави ин тим низ садо диҳад. 

Дастаи “Рубин”-и Қазон бо касби 47 имтиёз дар 26 давр дар ҷадвали Лигаи якум дар зинаи 2-юм қарор дорад. Ин даста дар собиқ зери раҳбарии мураббии туркман Қурбон Бердиев ду карат қаҳрамони Русия (солҳои 2008 ва 2009), ду карат дорандаи Суперҷоми Русия (2010 ва 2012) ва дорандаи Ҷоми Русия (2012) шуда буд. 

Охирин тиме, ки Раҳимови 58 сола сармураббигиашро ба дӯш дошт, тими “Уфа” буд, ки моҳи апрели соли 2021 мураббии тоҷик онро тарк кард ва аз футбол канор рафт.

Қаблан Раҳимов ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои “Адмирал”, “Локомотив”, “Амкар” ва “Ахмат” фаъолият кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *