Рубрики Хабарҳо

Бритониё мушакҳои дурбурди “Сояи тӯфон”-ро дар ихтиёри Укроин қарор дод

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин гуфт, ки Киев ҳамлаи бузурги пешбинишудаи худ алайҳи нерӯҳои Русияро ба таъхир меандозад зеро ин кишвар ҳанӯз силоҳҳои кофӣ барои муваффақияти бидуни талафоти зиёд надорад. 

Ин изҳорот дар ҳоле баён шуд, ки ҳамзамон Бритониё эълом кард, ки мушакҳои дурбурди болдорро ба Укроин ирсол кардааст. 

Зеленский дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизионии ВВС гуфт, ки метавонанд пеш бираванд ва муваффақ шаванд. Вай бо ин ҳол таъкид кард, ки ба замони бештаре ниёз доранд то аз назари таҷҳизот комил шаванд. 

Укроин дар ҳоле барои ин зидҳамла омода мешавад, ки ҳамзамон сарбозҳояш омӯзиш мебинанд ва силоҳҳои пешрафтаро таҳвил мегирад. 

Бен Уоллес, вазири дифоъи Бритониё авохири рӯзи панҷшанбе ба қонунгузорон гуфт, ки ин кишвар ирсоли мушакҳои болдори дурбурди модели “Сояи тӯфон” ба Укроинро оғоз кардааст. 

Ин мушакҳо ба нерӯҳои укроинӣ ин имконро медиҳад маҳаллҳои истиқрор ва анбори таслиҳоту тадорукоти нерӯҳои Русияро дар пушти хатти муқаддам ҳадаф бигиранд. Ин мушакҳо бурди беш аз 250 километр доранд. 

Уоллес бидуни ишора ба шумори мушакҳои болдори ирсолшуда гуфт, ки ин силоҳҳо ё дар ҳоли ҳозир дохили Укроин ҳастанд ва ё ба тадриҷ ворид мешавад. 

Ин мушакҳо ҳамчунин ба нерӯҳои укроинӣ иҷоза медиҳад то маконҳое монанди Кримро ҳадаф қарор диҳад. Расонаҳои бритониёӣ гузориш додаанд, ки Киев мутааҳҳид шудааст, ки аз ин мушакҳо барои ҳамла ба Русия истифода накунад. Бритониё нахустин кишваре аст, ки силоҳҳое бо чунин бурдро дар ихтиёри Укроин қарор медиҳад. Пеш аз ин Амрико бомбаҳои ҳидоятшаванда бо бурди 150 километриро ба Укроин таҳвил дода буд. 

Иёлоти муттаҳида ва муттаҳидонаш ибрози нигаронӣ кардаанд, ки агар аз ин силоҳҳо барои ҳамла ба аҳдофе дар дохили Русия истифода шавад метавонад Кремлро барои анҷоми иқдомоти шадидтар дар ҷанг таҳрик кунад. 

Вазири дифоъи Бритониё таъкид кард, ки дар баробари куштори ғайринизомиён аз сӯи Русия даст рӯй даст намегузоранд. 

Русия пеш аз ин эълом карда буд агар Бритониё мушакҳои дурбурди болдорро дар ихтиёри Укроин бигузорад вокуниши муносибе нишон медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *