Рубрики Хабарҳо

Чаро Раҳмон дар масъалаи ИИАО зери бори фишори Русия намеравад?

Дар ҳоле, ки Русия бо фишор болои муҳоҷирон ҳама хостаҳояш болои режими Раҳмонро таҳмил мекунад, узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё масъалаест, ки кӯшишҳои чандкаратаи ҳукумати Путин бо нокомӣ тамом шудааст. Чаро Эмомалӣ Раҳмон, ки бо фишор болои муҳоҷирон дар соли 2013 ҳозир шуд аз баҳри солона даҳҳо миллион доллар барои иҷораи замин аз ҷониби пойгоҳи 201-уми Русия дар кишвар гузарад, дар масъалаи ИИАО “ду пой дар як мӯза андохтааст”?

Сафари Сергей Лавров ба Тоҷикистон ва таъқиб, саркӯб ва истирдоди муҳоҷирон қабл аз ин сафарро коршиносон нишонаҳо  фишори Русия бар Тоҷикистон медонистанд, аммо ҳадафи Русия аз ин фишорҳо мушаххас набуд ва чанд тахмин садо медоданд. Яке аз онҳо узвияти Тоҷикистон дар ИИАО буд ва баъди сафари Лавров ва таъкиди ӯ болои ин масъала дар суханрониаш назди низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия ва Донишгоҳи славянӣ, ки дар онҳо маҳз ба ҳамин масъала таъкид кард, бештари гумонҳо ҳам бар ин шуд, ки ҳадафи фишорҳо маҳз узвият дар ин созмон будааст. 

Қаблан дар фишорҳо барои узвияти Тоҷикистон дар ИИАО аз фишангҳои дигари Русия истифода мешуданд, аммо ин дафъа маҳз фишанги асосӣ — муҳоҷирони корӣ ба кор гирифта шуд. Аммо ба назар мерасад бори аввал фишанги асосии Русия болои Тоҷикистон коромад надоштааст.

Шоҳин Самадӣ, раҳбари департаменти иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфт “мавзӯи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ЕАЭС дар барномаи рӯз қарор надорад”. Хабаргузории русии ТАСС аз ӯ нақли қавл мекунад, ки “Тоҷикистон айни замон масъалаи узвияти эҳтимолӣ дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС)-ро баррасӣ надорад”. 

Бояд гуфт, чунин посухи як мақоми расмӣ ба “умеде”-ро, ки вазири хориҷаи Русия ду маротиба дар ҷараёни сафараш изҳор кард, метавон “сареҳ ва дурушт” унвон кард. Ва ин дарак аз он медиҳад, ки Душанбе ҳатто ба қимати аз даст додани ҳазорон ҷои кории шаҳрвандонашу хатари ҷалби онҳо ба ҷанг низ аз мавқеъаш ақибнишинӣ карданӣ нест.

Посухи тунди Душанбе ба Маскав аслан аз замони шурӯъи сафари вазирони хориҷа ва дохилаи Русия шурӯъ шуда буд. Лавровро дар фурӯдгоҳ бидуни қолини сурх ва дар сатҳи муовини дувуми вазири хориҷа пешвоз гирифтанд, Колоколтсевро бошад ба шаҳри Гулистон, дар ҳавмаи Хуҷанд бурданд.  

ТАСС рӯзи 8 июн бо истинод ба Шоҳин Самадӣ навишт, масъалаи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ИИАО на дар мулоқоти Лавров бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва на дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин матраҳ нашудааст. “Дар мулоқотҳо дар Душанбе сӯҳбат бештар атрофи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ буд”, гуфтааст Самадӣ.

Вазорати корҳои хориҷӣ низ дар иттилоияаш дар бораи мулоқоти ду вазир, беш аз ними онро ба гуфтугӯ дар бораи вазъи муҳоҷирон ихтисос додааст.

Бештари коршиносон бинобар истифодаи фишанги аслӣ, ки метавонад ба таъмини сеяки Маҷмӯъаи маҳмулоти дохилии Тоҷикистон зарба занад (ин миқдор ММД аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон таъмин мешавад), мутмаъин буданд Лавров аз Душанбе дасти холӣ бар нахоҳад гашт. Тақвияти Лавров бо вазири умури дохилаи Русия дар ин сафар ин бовари коршиносонро ба итминон наздик бурда буд, аммо ба назар мерасад Лаврову Колоколтсев ду даст дар бинӣ ба Маскав баргаштаанд. Идомаи саркӯби муҳоҷирони тоҷик низ аз ҳамин вазъ дарак медиҳад.

Лаҳни қатъии Самадӣ ва сатҳи пешвози Лаврову Колоколтсев гувоҳӣ медиҳад Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ақибнишинӣ карданӣ нест. Аммо чаро? Оё воқеъан узвияти Тоҷикистон дар ИИАО бештар аз саркӯби муҳоҷирон ва ҳатто имкони бамаротиб кам шудани интиқоли пул аз ҷониби онҳо ба иқтисоди кишвар зарба мезанад, ё инҷо сирри дигаре ҳаст?

Рақобати дохилӣ ба нафъи кишвраҳои хурд нест

Аз муҳимтарин бахшҳои ҳамкорӣ дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё системаи ягонаи гумрукӣ аст. Яъне байни кишварҳои узв назорат ва расмиёти гумрукӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин молҳои воридшуда аз хориҷ, ки дар яке аз кишварҳои узви созмон ба расмият дароварда шудааст, зарурати барасмиятдарорӣ дар кишварҳои дигари узвро надорад. Барои аксар намуди молҳои воридшаванда аз хориҷ, тарофаи ягонаи умумисозмонӣ вуҷуд дорад.

Ин ҳамкорӣ барои кишварҳое, ки дар он истеҳсолот қавӣ мебошад нафъовар ва барои кишвраҳои истеҳсолашон заъиф дар умум зараровар аст. Чун рақобат дар дохили созмон ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа ва метавонад мунҷар ба аз бозор хориҷ берун андохта шудани шикатҳои хурд дар кишварҳои истеҳсолашон заъиф аз тарафи ширкатҳои бузурги кишварҳои истеҳсолашон қавӣ шавад. 

Аммо ин масъала дар мавриди Тоҷикистон сидқ намекунад. Дар Тоҷикистон истеҳсолот на танҳо заъиф аст, балки тақрибан вуҷуд надорад. Ончи вуҷуд дорад, зарари дар сурати рақобат аз бозор берун афтоданаш он қадар кӯчак аст, ки аслан қобили муқоиса ба фоидаҳое, ки аз узвият дар созмон ба даст меояд, нест. Барои мисол, яке аз фоидаҳо ин аст, ки бинобар кишвари воридкунанда будани Тоҷикистон (воридот 3-3,5 баробар бештар аз содирот аст), қимати молҳои асосии истеъмолӣ дар кишвар бамаротиб поинтар меравад.

Албатта ин поинравии қиматҳо бе таъсири ҷонибии манфии дигар тамом намешавад: боҷҳои гумрукӣ яке аз манобеъи даромади буҷа аст ва бинобар қисми асосии воридот аз кишварҳои узви ИИАО будан, Тоҷикистон аз бахши аслии боҷҳои гумрукӣ маҳрум мешавад. Аммо ин чандон “минус”-и калон нест. Пардохтҳои гумрукӣ ҳудуди 20 дарсади буҷаро таъмин мекунанд ва бо дарназардошти ин ки тақрибан ними воридоти Тоҷикистон аз кишварҳои узви ИИАО аст, буҷа аз 10 дарсади даромадаш маҳрум мешавад. Вале қисмате аз онро метаовон бо бозсодироти (реэкспорт) молҳои аз хориҷ воридшуда ба кишварҳои узви ИИАО ҷуброн кард. 

Таҷрибаи ҳамсояҳо

Тоҷикистон ҳамеша ба дархости Русия барои ворид шудан ба ин созмон посух медиҳад, ки таҷрибаи ҳамсояҳоро (пеш аз ҳама Қирғизистонро) омӯхта истодааст ва баъди омӯхтани пурраи он тасмимгирӣ хоҳад кард. 

Дар ҳамин ҳол, бо гузашти беш аз ҳашт сол аз замони таъсиси ИИАО, хулосаи дақиқе, ки кишварҳои узв аз узвият бурд кардаанд ё бохт, гирифта нашудааст. Бархе коршиносон бо овардани чандин далел собит карданӣ мешаванд, ки узвият ба кишварҳои узв чи қадар нафъ овардааст. Коршиносони дигар ҳам дар муқобил далелҳои зиёде аз зарари кишварҳо дар натиҷаи узвият дар ин созмонро меоранд. 

Бидуни шубҳа, дар институтҳои расмиву дахлдори кишварҳои узв ин масъала амиқан омӯхта мешавад, аммо то ҳол ҳеҷ гузориши расмӣ аз ин таҳқиқот нашр нашудааст. Зоҳиран ё фоидаву зиёни узвият дар созмон яксон аст, ё масъала сиёсӣ асту ҳанӯз замони нашри таҳқиқот фаро нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони қазоқ, ки баъди Русия иқтисоди дувум дар дохили созмон аст, бештар моил бар инанд, ки кишварашон аз узвият дар ИИАО зарар дидааст. Дар муқобил коршиносони қирғиз бештар моил бар инанд, ки кишварашон баръакс фоида дидааст. Таҷрибаи Қирғизистон нишон дод, ки дар бархе соҳаҳо ҳатто кишварҳои иқтисодашон заъиф метавонанд дар рақобати дохилисозмонӣ пирӯз шаванд ва соҳаро рушд диҳанд. Барои мисол саноати сабуки Қирғизистон, дақиқтараш либосдӯзӣ бо суръат рушд кард ва ниме аз бозорҳои Русияро бо либос таъмин мекунад. Ин кор сабаби ба вуҷуд омадани ҳазорҳо ҷои корӣ дар Қирғизистон шудааст.

Фарқи иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон

Дар гумон аст мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд фоидаву зарарҳои иқтисоди Қирғизистон аз узвият дар ИИАО-ро меомӯзанд, то тасиммашонро бигиранд, дар ин 8 сол мавзӯъро барои худ дақиқ накарда бошанд. Ҳашт сол кам нест ва кофист то ҳадди ақал аввалин хулосаҳо бароварда шаванд. Ва ин хулосаҳо ҳади ақал инанд, ки зарари узвият дар созмон аз фоидааш бештар нест. 

Пас чаро бо вуҷуди мубоҳияти узвият дар созмон ҳукумати Раҳмон бо ин шиддат ба он муқобилият мекунад?

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон барои хулоса таҷрибаи қирғизҳоро бинобар шабоҳати иқтисоди ду кишвар интихоб кардаанд, онҳо танҳо дар зоҳир шабеҳи ҳаманд. Фарқияти аслии ин ду иқтисод дар он аст, ки иқтисоди қирғизҳо асосан озод, аммо иқтисоди Тоҷикистон комилан монополӣ шудааст. Ва сабаби аслии муқобилияти режими Раҳмон ҳам дар ҳамин аст. 

Иқтисоди Тоҷикистон аз тарафи хонаводаи худи Эмомалӣ Раҳмон монополия шудааст ва дар сурати шомил шудан ба ИИАО фоидаҳои он ба миллат ва зарараш ба хонаводаи “пешво” хоҳад расид. Дар тӯли 30 соли ҳукуматаш Эмомалӣ Раҳмон ҳатто боре ҳам манфиати миллату кишварро бар манфиати хонаводааш тарҷеҳ надодааст ва дар гумон аст, ки ин дафъа тасмими дигаре бигирад.

Аз тарафи дигар, агар ӯ хост боре миллатро ба хонаводааш тарҷеҳ диҳад, ё зери фишори Русия маҷбур ба қабули узвият дар ИИАО шавад, зӯраш ба фарзандону домодҳову дигар наздиконаш, ки ҳама соҳаҳои иқтисодро инҳисорӣ кардаанд, нахоҳад расид. 

Чарои гапи ӯ дигар ба фарзандонаш намегузарад ва чигунагиву ҳаҷми ин фоидаву зарарҳои узвият дар ИИАО-ро дар мақолаи оянда баррасӣ хоҳем кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *