Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДДОТ) ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгорон муваззаф шудаанд танҳо баъди сабти изи ангушт ба дарс ворид шаванд. Ба гуфтаи масъулини донишгоҳ, ҳадаф аҳ ин «навоварӣ» пешгирӣ аз дарсшикании омӯзгорон аст.
“Азия-Плюс” бо истинод ба чанд омӯзгори ин муаассисаи таълимӣ хабар додак, ки онҳо саҳар вақте ба кор ҳозир мешаванд, дар дастгоҳи махсус изи ангушти худро сабт карда, ба донишгоҳ ворид ва ҳамин тариқ ба дарсҳо хориҷ мешаванд.
Саҳифаи расмии ДДОТ дар “Фейсбук” ҳам гирифтани изи ангуштро аз омӯзгорон барои ворид гардидан ба дарсҳоро тасдиқ карда аз номи Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ навиштааст, ки “он танҳо ба хотири тарбияти дурусти донишҷӯён ва роҳ надодан ба дарсшиканиву беназорат гузоштани донишҷӯён ба роҳ мондем”.
Манбаъ тасдиқ кардааст, ки бисёре аз омӯзгорони ин муаассиса дар вақти зарурӣ дар ҷойи кор нестанд ва ё ба таъхир ҳозир мешаванд.
ДДОТ бо «навоварӣ»-ҳояш шӯҳрат дорад. Замоне, ки Абдуҷаббор Раҳмонов ректори ин донишгоҳ буд, донишҷӯдухтаронро маҷбур мекард пояфзори каблукдор пӯшанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ ҳатто ҷадвал дар даст дар назди дари донишгоҳ меистод ва баландии туфлии духтаронро чен мекард: тибқи фармони Раҳмонов, баландии каблуки пояфзори духтарон набояд аз 5 см камтар мешуд.