Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии «Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ», ки бо ширкати “Толибон” дар шаҳри Тошканд мегузарад, як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба ВКХ хабар медиҳад.
Маълум нест намояндаҳои Тоҷикистон дар ин конфронс суханронӣ мекунанд ё не.
Ба иттилоъи манбаъ назари Тоҷикистон дар робита ба шинохт ва эътирофи ҳукумати муваққатии “Толибон” тағйир накардааст ва то ба ҳол ба он мавқеянд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мавриди шинохти “Толибон” таъкид менамояд.
Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон, дирӯз, дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз кард, ки то 26 июл давом мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Испания, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Норвегия, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.