Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Исроилу Эрон бар фазои Укроин? Исроил ба Укроин системҳои зиддипаҳподӣ медиҳад

Се мақоми исроилӣ ва укроинӣ эълом карданд, ки Исроил ахиран иҷозаи содироти “системҳои зидди паҳподӣ” ба Киевро додааст. Содироти ин системҳо метавонад ба Укроин барои муқобила бо паҳподҳои эронии мавриди истифода тавассути нерӯҳои Русия дар ҷанг кумак кунад. 

Ин аввалин бор аз замони оғози ҳамалоти Русия ба Укроин аст, ки Исроил муҷаввизи содироти таслиҳоти дифоъӣ ба Укроинро таъйид мекунад. 

Исроил то кунун аз кумаки низомӣ ба Укроин худдорӣ мекарда, ки далели он, нигаронӣ аз эҷоди таниш бо Русия ва дар ниҳоят осеб расидан ба манофеъи амниятии Исроил дар Сурия будааст. 

Аммо пас аз ин ки Русия дар тӯли ҷанг аз паҳподҳои таҳоҷумии сохти Эрон истифода кард, давлати Укроин фишори худро барои дарёфти кумаки низомӣ аз Исроил афзоиш дод. 

Эрон тасдиқ карда, ки қабл аз шурӯъи ҷанг, теъдоде паҳпод ба Русия таҳвил дода, аммо таҳвили паҳпод пас аз шурӯъи таҳоҷумро рад кардааст. Русия низ истифода аз паҳподҳои сохти Эрон дар тӯли ҷангро рад кардааст. 

Мақомоти исроилӣ ва укроинӣ гуфтаанд, ки муҷаввизҳои содиротӣ дар миёнаи моҳи феврал ба таъйиди Йоав Галлант, вазири дифоъ ва Эли Коэн, вазири хориҷаи Исроил расида ва Коэн дар ҷараёни сафари худ ба Киев дар 15 феврал хабари таъйиди ин муҷаввизҳоро ба иттилоъи Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин расондааст. 

Мақомоти исроилӣ ва укроинӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки ин муҷаввизҳо барои ду ширкати исроилӣ “Элбит” ва “Рафаэл” , ки системҳои зидди паҳподиро истеҳсол мекунанд, таъйид шудааст. 

Як мақоми укроинии дигар ба нашрияи “Axios ” гуфтааст, ки ахиран ҳайате аз тарафи вазорати дифоъи Укроин ба Исроил сафар ва аз ин системҳои зиддиҳавопаймои бидуни сарнишин дидан кардааст. Бо ин вуҷуд ҳанӯз қарордоде дар ин бора имзо нашудааст. 

Системҳое, ки Исроил пешниҳоди хариди онро ба Укроин дода, аз ҷангафрӯзҳои электироникӣ барои гир андохтан ва сарнагунии паҳподҳо истифода мекунад. Бурди ин системҳо дар ҳудуди 40 километр аст ва метавон онҳоро дар наздикии нерӯгоҳҳо ё дигар маконҳои ҳаётӣ қарор дод то аз онҳо дар баробари паҳподҳои муҳоҷим муҳофизат кунад. 

Вазорати дифоъи Укроин ба ин систем алоқаманд аст, аммо мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки феълан истифода аз он ҳаётӣ нест, зеро Укроин тавониста дар 75 то 90 дарсад ҳолат ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинро раҳгирӣ ва нобуд кунад. 

Мақоми укроинӣ ҳамчунин ба Веб-сайти хабарии “Axios” гуфтааст, ки “он чи мо воқеан ба он ниёз дорем як системи дифоъӣ дар баробари мушакҳои баллистик аст”. 

Мақомоти исроилӣ иддао мекунанд, ки таъйиди муҷаввизҳои содиротӣ, ба маънои тағйир дар сиёсати Тел-Авив дар қиболи ҷанги Укроин нест, зеро ин системҳо моҳияти дифоъӣ доранд ва наметавонанд сарбозони русиро бикушанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *