Дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6 миллиону 800 ҳазор доллар нерӯи барқ содир кард, ки ин рақам дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли 2022 ҳудуди 32% ё 1 миллиону 600 ҳазор доллар бештар аст.
Аммо интиқол дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи гузашта тақрибан 42% коҳиш ёфта, аз 4 миллиону 300 ҳазор доллар дар моҳи январ то 2 миллиону 500 ҳазор доллар дар моҳи феврал кам шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар соли 2022 ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 106 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 10,6 фоиз зиёд аст.
Ба иттилои “Барқи тоҷик”, Тоҷикистон тибқи қарордодҳои басташуда ба Афғонистон – тамоми сол ва ба Узбакистон – танҳо дар давраи баҳору тобистон, аз моҳи май то август нерӯи барқ медиҳад.
Шартномае, ки бо Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) барои соли 2022 баста шудааст, таъмини шабонарӯзии барқи Тоҷикистон ба истеъмолкунандагони афғон то 400 МВт дар моҳҳои май-август ва 40 МВт дар моҳҳои сентябр-апрелро пешбинӣ кардааст.
Аммо нерӯи барқи Тоҷикистон имсол ба Узбакистон дар фасли зимистон низ дода шуд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ дафтари матбуоти Шабакаҳои минтақавии барқи вилояти Сурхондарёи Узбакистон аз интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин минтақаи кишвари ҳамсоя хабар дода буд.
Раҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» инро бо омодагии системаи энергетикии Тоҷикистон барои пайвастан ба Системаи ягонаи барқи Осиёи Марказӣ шарҳ дод.
Зимнан, дар худи Тоҷикистон сокинони деҳот аз оғози мавсими тирамоҳу зимистон ба миқдори маҳдуд рӯшноӣ дарёфт кардаанд.