Рубрики Хабарҳо

Талоши Бонки марказии Русия барои пешгирӣ аз рукуд

Бонки марказии Русия барои муқобила бо рукуди иқтисодии ношӣ аз таҳримҳои Ғарб бори дигар ба коҳиши баҳраи бонкӣ рӯй овард. Ин чаҳорумин тағйир дар баҳраи бонкӣ пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо дар вокуниш ба таҷовузи низомии Русия ба Укроин аст. 

Максим Орешкин, мушовири иқтисодии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия чанд рӯз пеш ваъда дода буд Бонки марказӣ дар нишасти худ масъалаи коҳиши баҳраи бонкиро баррасӣ ва дар мавриди он тасмимгирӣ кунад. 

Акнун ин иттифоқ рух дод ва Бонки марказии Русия баҳраи бонкиро ҳатто беш аз гумоназании коршиносон коҳиш дод ва ба ҳашт дарсад расонд. 

Дар тағйироти қаблии мизони баҳраи бонкӣ ба 9.5 дарсад коҳиш ёфта буд. Коршиносон дар посух ба як назархоҳии хабаргузории Рейтерз пешбинӣ карда буданд ин мизон фақат ним дарсад коҳиш ёбад. 

Севумин коҳиши баҳра дар ду моҳ 

Тасмими рӯзи ҷумъаи Бонки марказии Русия севумин коҳиши баҳраи бонкӣ дар ду моҳӣ гузашта ва чаҳорумин тағйир дар ин замина аз замони оғози таҷовузи низомӣёни рус ба хоки Укроин дар 24 феврал аст. 

Ин бонк 28 феврал дар вокуниш ба таҳримҳои Ғарб, ки суқути арзиши рӯбл, пули миллии ин кишварро дар пай дошт баҳраи бонкиро аз 9.5 ба 20 дарсад афзоиш дод. 

Элвира Набиуллина, раиси Бонки марказии Русия ва коршиносони пулию молии ин бонк 26 моҳи май мизони баҳраи солонаро ба 11 дарсад ва даҳум июн ба 9.5 дарсад коҳиш доданд. 

Коҳиши воридот ва тақвияти арзиши рубл 

Дар ҳоли ҳозир арзиши рубл муқобили арзҳои мӯътабаре чун доллар ва евро ба нисбати даврони қабл аз таҷовуз ба Укроин ҳатто афзоиш низ ёфтааст. 

“Тогс Шоу”, веб-сайти Канали 1-и телевизиони Олмон ба нақл аз коршиносон мегӯяд афзоиши арзиши рубл ба маънои қудратмандтар шудани иқтисоди Русия нест балки бо тадбирҳои маҳдудкунанда бастагӣ дорад. 

Яке дигар аз иллатҳои аслии тақвияти рубл тағйири тавозуни тиҷорати хориҷии Русия аст, ки ба далели таҳримҳо воридоташ коҳиш ёфта, аммо арзиши содироташ, ки асосан маводи хом ва энерҷӣ аст ба иллати боло рафтани қиматҳои ҷаҳонӣ афзоиш ёфтааст. 

Коршиносон мӯътақиданд нишондиҳандаи мусбати тиҷорати хориҷии Русия ва боло рафтани қимати энерҷӣ сатҳи талабот ба арзҳои хориҷиро коҳиш дод ва боиси тақвияти арзиши рубл шуд, ки ба маънои қудратманд шудани воқеъии пули милле нест. 

Афзун бар ин Русия бо ташдиди таҳримҳои Ғарб баҳои бахши бузурге аз содироти энергии худро ба рубл дарёфт мекунад, ки боиси афзоиши тақозо барои пули миллӣ шудааст. 

Кӯчак шудани иқтисоди Русия 

Бо вуҷуди вазъияти рубл, иқтисоди Русия дар бӯҳрон ба сар мебарад ва мутобиқи пешбинии Бонки марказӣ тавлиди нохолиси миллии ин кишвар дар соли ҷорӣ чаҳор то шаш дарсад коҳиш меёбад. 

Бар пояи арзёбии ин бонк кӯчак шудани иқтисоди Русия дар соли 2023 низ идома хоҳад дошт аммо шиддати коҳиши тавлиди нохолиси дохилӣ камтар аз имсол хоҳад буд. 

Бонки марказии Русия дар мавриди таваррум низ нисбат ба беҳбуди авзоъ хушбин аст. Интизор меравад мизони таваррум, ки дар соли ҷорӣ байни 12 то 15 дарсад баровард шудааст, соли оянда ба чаҳор то шаш дарсад коҳиш ёбад. 

Бонки марказии Русия ибрози умедворӣ мекунад соли 2024 ба ҳадафгузории худ барои таварруми чаҳордарсадӣ даст пайдо кунад. Миёнаи моҳи ҷорӣ таваррум дар Русия аз марзи 15 дарсад андаке болотар рафт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *